Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Туркманистон ва Узбакистон дар "руйхати сиёҳ"-и бонки Швейтсария

25 сентябр 2013, 10:57

Бонки Credit Suisse-и Швейтсария бо пахши як эълон хабар додааст, ки ҳамкории худ бо шаҳрвандони беш аз 50 кишвари дунёро қатъ хоҳад кард. Миёни ин кишварҳо номи Ӯзбакистон, Туркманистон ва Белорус низ гирифта шудааст, ки бо тасмими бонк то охири соли ҷорӣ ҳамкориашон бас мешавад.

Радиои байналмилалии Фаронса-“RFI” дар ин бора иттилоъ дода, мегӯяд, ба эҳтимоли қаввӣ Credit Suisse бо ду омил ҳамкорияшро бо шаҳрвандони ин кишварҳо бас мекунад: “кам будани маблағи онҳо аз ҳадди ақал ё умуман намехоҳад, дигар бо онҳо ҳамкорӣ кунад.” Ба иттилои манбаъ, барои кушодани ҳисоби бонкӣ дар Credit Suisse муштариро лозим меояд, ҳадди ақал 800 ҳазор евро дошта бошад.

Хабаргузории “Франс-Пресс” такя ба иттилои як манба аз Credit Suisse менависад, ин бонк дар доираи нави стратегияи худ тасмим гирифтааст, тиҷорат бо кишварҳои аз ҳад хурдро қатъ кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло тафтишоти ҷиноӣ алайҳи шаҳрвандони Узбакистон ба иттиҳоми “пулшӯӣ” дар Швейтсария ва Шветсия идома дорад, ки бархеҳо мегӯянд, ин қазия ба Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон низ дахл дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!