Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

Омад-омади зимистон сохтмони Маркази гармидиҳӣ дар Душанберо тезонд

26 сентябр 2013, 16:42

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон бо наздикшавии фасли сармо теъдоди сохтмончиёни «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и Душанберо зиёд карда, аз ҳафтаи оянда ба 1500 нафар хоҳад расонд.

Тибқи иттилои Вазорати мазкур дар сохтмони Марказ зиёда 1500 коргар ва 160 адад техника машғули кор хоҳанд буд: "Ҳоло сохтмони дегхонаи № 1 ва лӯлаи дудбарор пурра ба итмом ва сохтмони иншооти обсардкунӣ ба баландии 87 метр расонида шудааст."

Ин маркази гарму барқдиҳӣ 200 МВт иқтидор дошта, қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки марҳилаи аввали он то оғози фасли сармои имсола ба истифода дода шавад.

«Маркази барқу гармидиҳӣ-2» тибқи созишномаи байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон,ширкати «ТВЕА»-и Чин ва ҷамъияти «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» бо усули «захиравӣ» бунёд шуда истодааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Mawlon

  • 26 сентябр 2013 22:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мехостам бидонам ки аз ин кихо бахра хохад бурд? наход мардуми одди? албатта Раисон
бехтар мебуд ки мардуми гирду атроф барои чуброни дуд ва садои сохтмон аввал таамин мешудаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нагуфтед, ки ин марказ баъди истифода кадом минтакаи шахрро бо оби гарм таъмин хохад кард?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!