Бахшҳо
27 сен 2013 13:51Тоҷикистон / Акс

Раиси шуғли аҳолӣ: Корҳои хубро ба мо намегӯянд (АКС)

Алишер Зарифӣ

Имрӯз, 27-уми сентябр дар Душанбе 2 ҳазору 181 ҷойи кори холӣ дар 55 корхонаи пойтахт, пешниҳоди ниёзмандон шуд, ки аз 250 то 1000 сомонӣ маош доранд.

Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ касбу корҳои гуногун, аз қабили барқчӣ, (315-450 сомонӣ) дузандагӣ ( 470 сомонӣ), хазиначӣ (250 сомонӣ), ҳамшираи тиб (475 сомонӣ), равоншинос (900-1071 сомонӣ), усто (650 сомонӣ), боғбон (315-500 сомонӣ), муҳосиб (306 сомонӣ) пешкаши корҷӯён гардида буданд.

Мирзораҳмат Иброҳимов, сардори раёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, музди миёнаи маош дар ин ярмарка 578 сомониро ташкил медиҳад.

Ин мусоҳибамон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки масъулини бархе аз корхонаҳо дар Тоҷикистон, ки ҷойҳои кории хуб доранд, он ҷойҳоро ба чунин ярмаркаҳо пешниҳод намекунанд ва мақомотҳои марбута бояд сари ин масъала чораандешӣ намоянд. Мирзораҳмат Иброҳимов мегӯяд, онҳо дар бозори меҳнат ҳамчун миёнарав фаъолият менамоянд ва дар таҷрибаи корияш борҳо ошкор шудааст, ки корхонаҳо аз пешниҳоди ҷойҳои кори хуб худдорӣ намудаанд. Ӯ афзуд, ки наметавонад номи чунин корхонаҳоро ошкор созад, чун ин дар салоҳияташон нест.

Иброҳимов гуфт, то ҳол зиёда аз 40 нафар дар ярмаркаи имрӯза роҳхат ба ҷои кор гирифтаанд ва афзуд, ки то анҷоми ярмарка ин шумора ба 70-80 нафар хоҳад расид. Ин масъул роҳхат гирифтани корҷӯёнро шаҳодати он гуфт, ки музди маоши пешниҳодшуда талаботи онҳоро қонеъ мекунад.

Ин масъули Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират илова намуд, аксари онҳое, ки роҳхат гирифтаанд, баъди як муддат боз бармегарданд, зеро сатҳи дониш ва малакаи корияшон паст буда, аз имтиҳони корхонаҳо намегузаранд: «Мо онҳоро як вақти муайян боз ба таҳсил фаро мегирем ва дубора роҳхаташон медиҳем ба ҳамон ҷойҳои корӣ.»

Ҳарчанд Мирзораҳмат Иброҳимов маоши пешниҳодшударо дар ин ярмарка барои корҷӯён қаноатманд номид, вале бархе аз ширкаткунандагони ярмарка баръакс гуфтанд маоше, ки дар ин эълонҳо дида мешавад, дар рӯзгорашон намерасад.
Беҳзод, як ҷавоне, ки мехост аз рӯи ҳунари кандакорӣ дар ин ярмарка кори муносибе ёбад, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, барои қонеъ гардонидани талабот ва пеш бурдани зиндагияш ба ӯ коре лозим, ки ҳадди ақал 2500 сомонӣ маош дошта бошад: «Дар ин ҷо то ҳол чунин кор наёфтам ва дар баъзан эълонҳо маоше дида мешавад, ки танҳо ба роҳкиро мерасонаду халос».

Восеъ Ҳомидов,
як муйсафеде, ки чандин солҳо дар сохтмонҳои гуногун фаъолият намудааст, имрӯз дар ярмарка боғбониро бо маоши 315 то 500 сомонӣ интихоб намуд. Зимни суҳбат ба мо ин муйсафед қайд намуд, ки ҳоло ӯро бо далели ба нафақа баромаданаш ва пир буданаш дар сохтмонҳо ба кор намегиранд ва ин интихобаш барои боғбонӣ аз ноилоҷӣ ва маҷбурист: «Дар сохтмонҳои азими Душанбе кор кардаам, ҳоло низ аз уҳдаи кори сохтмон хеле хуб мебароям, лекин барои пир буданам маро намегиранд».

Масъулини Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мегӯянд, яке аз сабабҳои ташкили ин гуна ярмаркаҳо дар баробари таъмини аҳолӣ ба ҷои кор, ҳамчунин гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини муҳоҷирон ба кори муносиб дар дохили кишвар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола беш 1 миллион нафар барои пайдо кардани ҷойи кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд.

Мӯҳр
Zanja_23
Маошхои Хандаовар лекин шукрана кардан дар кор...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)