Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Гузаргоҳи “Саховат” то кай торик мемонад? (ВИДЕО)

1 октябр 2013, 15:20

Дар гузаргоҳи зеризаминии нави назди бозори “Саховат”, ки чанд моҳ қабл мавриди истифода қарор гирифт, ҳудуди як ҳафта мешавад, торикӣ ҳукмфармост.

Бархе аз сокинони пойтахт дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ҳудуди як ҳафта мешавад, онҳо шабона ҳангоми гузаштан аз чорроҳа аз ин гузаргоҳ тақрибан истифода намекунанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, нерӯи барқ хомӯш ва дохили гузаргоҳ торик мебошад. Дилафрӯзи Суҳроб, як сокини пойтахт, аз хомӯшии барқ дар ингуна гузаргоҳҳои навбунёд ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, шабона гузаштан тариқи ин гузаргоҳ хеле мудҳиш аст. Аз ин рӯ, ӯ маҷбур аст, бо вуҷуди хатар доштан ҳам мустақиман роҳро гузарад: “Ростӣ, хатари аз роҳ гузштан ба фикрам аз дохили гузаргоҳ кам аст.”



Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Қодиров, танзимгари Шабакаи барқии ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегӯяд, аз сабаби он ки миёни соҳибони фурӯшгоҳҳои гузаргоҳи мазкур ва ин ниҳоди барқӣ шартнома баста нашудааст, нерӯи барқ дар ин гузаргоҳ қатъ карда шуд. Ба гуфтаи Қодиров, то он даме ки тоҷирон дар мағозаҳои худ ҳисобкунаки барқӣ насб ва бо Шабакаи барқии ноҳияи Фирдавсӣ шатрнома набанданд, ин ҳолат идома хоҳад ёфт.

Бархе аз сокинони ин минтақаи пойтахт мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ ин гузаргоҳ ба таври расмӣ ифтитоҳ нашудааст. Чун дар сохтмони он нуқсонҳое аз тарафи коммисияи қабул ба қайд гирифта шудааст. Вале Саидшариф Анваров, сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, ин овозаҳоро беасос хонда, гуфт, гузаргоҳи мазкур бо иштироки раиси ноҳияи Фирдавсӣ расман ифтитоҳ шудааст. Аммо мусоҳиби мо аз гуфтани санаи баргузории чорабинии ифтитоҳияи гузаргоҳ худдорӣ кард.

Гузаргоҳи зеризаминии назди бозори “Саховат”, ки ҳудуди 2266 метри мураббаъ масоҳати умумӣ дорад, дорои 10 зинапоя буда, дарозиаш 60,7 метр, паҳнояш 12 метру 80 сантиметр мебошад. Дар он 25 нуқтаи савдо,1 нуқтаи нозири минтақавӣ ва 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ бунёд шудааст. Маблағи умумии сохтмони гузаргоҳ 19 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!