Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:59

Видеои шиканҷаи Садриддин Тошев дастраси расонаҳо шуд

3 октябр 2013, 14:56

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, маъруф ба номи Қорӣ, ки дар зиндони рақами 2-и Хуҷанд нигаҳдорӣ ва барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа муттаҳам мешавад, рӯзи 3 октябр дар як нишасти хабарӣ аз бархӯрди номуносиб бо ӯву нафари таҳти ҳимояташ норозигӣ кард.

Хонум Воҳидова гуфт, аз оғози мурофиаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони рақами 2-и Хуҷанд, ҳуқуқи вакили мудофеъ дағалона вайрон шудааст: “Имрӯз додгоҳ ба таҳқиқи далелҳои шайъӣ гузашт бояд як мобил аз назар гузаронида мешуд, ки гӯиё бо воситаи он маҳбусон ҷароҳатҳои ҷисмонии худро ба навор гирифта, минбаъд сабти он дар расонаҳои хабарӣ пахш шудааст. Мо бо иҷозати раисикунанда телефони мобилиро ба судшавандаҳо додем, то ки аз назар гузаронида, фикру назари худро баён намоянд. Ҳамзамон телефонро кормандони қисми ҳарбӣ кишида гирифтанд, яъне дар мурофиаи додгоҳӣ ҳатто афсарону сарбозони қатории қисми ҳарбӣ дахолат мекунанд. Баъд аз он, сардори маҳкамаи тафтишотии рақами 2-и Хуҷанд О.Саидолимов телефонро кашида гирифта, намонд, ки судшаванда онро аз назар гузаронда, фикрашро баён кунад.”

Файзинисо Воҳидова гуфт, дигар дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок намекунад. “Ҳар боре, ки бо нишони эътироз баромада мерафтем, раисикунанда ба мо ваъда медоданд, ки рӯзҳои наздик ҳамин масъала ҳаллу фасли худро меёбад. Дигар меъёри сабру тоқати мо гузашт. Ман шахсан, бигзор, раисикунандаи мурофиа даҳҳову садҳо таъиноти хусусӣ қабул кунад, бигзор Коллегияи адвокатҳо масъалаи сабукдӯшии маро матраҳ кунад, лекин ба мурофиаи додгоҳӣ намеравам. То он даме ки ҳуқуқи маро барқарор накунанд”,-афзуд ӯ.



Вай баъдан ба хабарнигорон навори видеоиеро дод, ки дар он Садриддин Тошев дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд нақл кардаву изи бадрафторию шиканҷаро нишон медиҳад. Вай дар ин видео мегӯяд, гӯиё ин ҳама аз ҷониби маъмурони зиндони Хуҷанд, баъд аз интиқолашон аз зиндони рақами яки Душанбе ба шимоли Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Воҳидова мегӯяд, ин навор ҳанӯз охири соли гузашта сабт шуда, аммо танҳо ҳоло пешкаши омма мешавад. Қаблан ҳафт навори ба ин монанди маҳбусони Хуҷанд дастраси расонаҳо ва баъдан боиси баҳсҳои зиёде шуда буд. Мақомот ин наворро сохта дониста, Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошевро дар ин кор муттаҳам ва онҳоро ба ҷурми паҳн кардани ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа ба додгоҳ кашиданд.

Садриддин Тошеву Сунатулло Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХУДОВАНД МОРО АЗ ИН ЗУЛМАТ РАХОИ БАХШ, ТО БАРОДАРОНИ БЕГУНОХИ МО АЗ ЧАБР НАЧОТ ЁБАНД! ИЛТИЧО АЗ ДАРГОХИ ПУРСАХОВАТИ ХУДО ДОРЕМ
Посух додан
  • hisor

  • 3 октябр 2013 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
az buzbalagiat sharm namedori? tu odam kushta zindon shudi. chiro boyad intizor boshi? girya kun maro zadaaand.
Посух додан
  • Чамик 8808

  • 3 октябр 2013 16:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана инро чазо мегуян Худо ба ту нишон дод Садриддин. Чиро интизор буди ту? Махбас бояд аз хона фарк дошта бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hisor,
ту чаро ай пеши худат одама одамкуш муарифи мекуни ? ту агар акл медошти чашми бино медошти гуши шунаво медошти имону вичдон медошти камтар дилат месухт.....

Чамик 8808,
Э худо ба дили хамин сангдилон рахме ато кун . инхо фарзанди одам бошанд ё аз ягон махлуки дигар ки инкадар нисбати бародарони худ кинаву нафрат доранд ?
Посух додан
  • Салмон

  • 3 октябр 2013 19:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Махбас аслан чои шиканчаву озор нест. Махбас ин дар асл чои ислохкунанда аст.
Посух додан
  • Мах

  • 4 октябр 2013 00:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салмон,
Рост меги ислох шидай! Одамкуш бдай буз шидай ! Кани ислох?
Посух додан
  • xenon eyes

  • 4 октябр 2013 00:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зиндон бояд аз хона фарк кунад,хаминро гуфтаниед, яьне зиндониро бояд мисли саг ва ё , инки ночизе гуё рафтор кунанд? об аз боло лой аст...Салмон,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кулминасияи зулму истибдод аст. Мардум бедор мешуда бошад. То ба кай азобу шиканҷа. Мутаассифона, фоизи ками мардум ба интернету ахбор сару кор дорад. аксари мардум аз чунин бадрафториҳои маъурин ва зулм, ки бо ризоияти хомушонаи садорони давлат рух медиҳад, бехабар аст, Вагарна кайҳо ба майдон барои ҳифзи номусу шараф мебаромад. Ҳайҳот!
Сардори турмаҳои тоҷикистон Изатулло шарифовро кӣ ба ин вазифоа таин намудааст, ки уро ҳимоят мекунад, Чанд сол аст, ки уро танқид мекунаанд, вале Президент хомуш аст, агар у як зарра инсофу ҳами миллат медошт, кайҳо уро ба истеъфо ва ба ҳисобот равон мекард. Аммо у хомуш аст, зеро сардамдорони ҳукумат ҳама хидматгузорони наздики ҷаноби олӣ Раҳмонанд, Боз уро мо интихоб кунем. Ҳаргиз!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афроде ислох мекунанд, ки худ дар рохи дуруст хастанд. Масъулини махбасхои кишвар худ мухточ ба ислохшавиянд, наход ин кадр як бандаи мусламона ин кадр зулм куни???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар пеши компютер нишаста чою кофе нушида навиштан осон шумо агар ин звера дар озоди медиден махмуд-герой буд зани дар замин афтидагира ба шатта зада бехуш кардаги корд кати ту карздори гуфта дар бадани одами зинда хуншор карда навишт . одам куштааст ,Шумо чи хаёл доред дар Амрико тюрмада дигар хел рафтор мекунанд не аз ин бадтар, Ф Вохидова хама нагз медонад ки барои шумо проблемаи ин ноодам копейка аст шумо хукумати Точикистонба ненависть доред, Ягон темаи дигар ёбед Мо тарафдор шавем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кадом бесавод пурсиш карда истодааст?
Посух додан
  • Parvina

  • 11 октябр 2013 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб. агар ин одамкуш хам бошад коркунони зиндонхо хак надоранд хар гухе хостанд бихуранд!!! Агар коркунхои зиндон ихтиёрро то ин андоза ба даст гирифта бошанд, пас конуни давлат хеч чои лозимие надорад. Коркунхоеки одамонро дар зиндонхо мезананд бояд хатман аз руи конун чазояшонро бигиранд хатмани хатман. УМАР,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!