Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Эмомалӣ Раҳмон: “Масҷид танҳо ҷои ибодат нест...”

14 октябр 2013, 09:23

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, масҷидҳоро дар шароити кунунӣ на танҳо ҷои ибодат, балки макони фарҳангу одобу ахлоқи некӯ тавсиф кард.

Ин ҳарфҳоро оқои Раҳмон ҳангоми ироаи паёми табрикияш бахшида ба Иди Қурбон ё Азҳо тавассути телевизионҳои давлатӣ баён дошт. Ӯ дар оғоз ҳамаи сокинони кишварро ба ин ид табрик гуфта, аз зоирони тоҷик, ки имрӯзҳо барои тавофи Хонаи Худо ба Маккаву Мадина рафтаанд, ёдоварӣ намуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “ҳоҷӣ шудан маънои танҳо ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии рӯҳониву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст. Аз ин лиҳоз, бовар дорам, ҳоҷиёни мо саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, инчунин дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дареғ нахоҳанд дошт.”

Дар идома оқои Раҳмон афроди дороро ба дастгирии ниёзмандон ҳам даъват кард ва гуфт, “дар рӯзҳои иди мубораки Қурбон мардуми мо одати нек доранд, ки бо дили поку нияти холис ба хонаи якдигар мераванд ва ҳамдигарро табрик мегӯянд.” Иди Қурбон ё Азҳо яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, ин рӯз истироҳат эълон шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мах

  • 14 октябр 2013 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
масчид чои ибодат аст!!!чои зикр чои амри маъруф нахи аз мункар аст!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ташаккури зиед барои суханои некат аммо чаноби Президент шумо бояд барои казияи Хукумов чора андешед ки то кай бедоди карда мегарданд ва макомоти хифзи хукук чашм мепушанд ва аз конун руй мегардонанд..магар зуратон намерасад ? е ки парлумон конун барои камбагалу бечорахо кабул мекунад ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР МАСЧИД АГАР ГАЙРИ НАМОЗУ КУРОНХОНИ ВА ТАЪЛИМИ ИСЛОМ ДОДАНУ ТАЪЛИМИ ИСЛОМИ ГИРИФТАН ВА АМРИ МАЪРУФ КАРДАНУ АМРИ МАЪРУФ ГУШ КАРДАН БОКИ ХАМААШ МАКРУХ АСТ. АЛБАТТА ДАР МАСЧИД МАЧЛИС КАРДАНУ МАЪРАКА ГУЗАРОНИДАН ИН ХАТОСТ.....!
Посух додан
  • Сафо

  • 14 октябр 2013 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама идро хушу хурсандона мегузаронаду он бечорахое, ки фарзандонашон дар паи садамаи шоми 9 ум бо чурми писари Хукумов халок шудаанд, азодоранд. Кучост адолат, чаноби Эмомали? Ба ин казия расидаги намоед тибки талаботи конун «ачр» дихед.
Воъизон, ки чумла дар мехробу минбар мекунад,
Чун ба хилфат мераванд, худ кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди мачлис бозпурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?????????????????????
Посух додан
  • орзу

  • 14 октябр 2013 14:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
магзи сари одам бузургтарин мукамалтарин ва нозуктарин дастгохи электронии офаридаи Худованд аст. фахмост ки магзи сари точик хам. агар нуксе дар барномаи он рох ёбад тамоми кораш хатову хароб хохад буд. ин нуксро ки се бор ворид шуда буд (аввал дин гуфта менталитети арабро пазируфтан, дуввум ба манфиати газнавиён ба Сомонихо хиёнат кардан , саввум алифборо борхо иваз кардан ) хар чи зудтар ислох бояд кад. вагарна дар хамин аср номи миллти точик аз байн хохад рафт...
Посух додан
  • КАРИМ

  • 14 октябр 2013 14:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо мосчидро хам ба майдони сиесат табдил додаед.
Посух додан
  • Чони

  • 14 октябр 2013 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э чи шуд? то дируз мегуфтед масчид танхо чои ибодат аст? Холо ки имомхатибхоро маош таъин кардед акун бояд дар хидмати сиёсати хирадмандона бошанд не???????????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чони,
Хам дар роли Ахриман бози мекунад ва хам дар роли Ахримаздо конунхо аз китоби Авесто.....
Посух додан
  • tojik

  • 16 октябр 2013 15:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
avval amri ma'ruf badi hama ba odobu axloku tarbiyai farzandon guftan durust ast boke nadorad.duo baroi podshohu hukumatdoron ham boke nadorad baroi hidoyati onho.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!