Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:45

Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, 2 тонна картошкаи ваъдагиро ба ятимон дод

14 октябр 2013, 13:41

Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), мегӯяд, 2 тонна картошкаи ваъдагияшро ба хонаи ятимон дар ноҳияи Рашт супоридааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми сентябр дар ҷараёни сафари корияш ба минтақаи Рашт, бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳам мулоқот карда, аз ӯ хоста буд, то ба ятимхонаи Нуробод ду тонна картошкаи босифат диҳад. Ин гуфтугӯи ғайриинтизори оқои Раҳмон бо Аҳмадов дар сари замини ӯ доир шуд, ки ба гуфтаи мақомот 3 гектар будааст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов рӯзи 14 октябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо ба ятимхона бар иловаи ду тонна картошка, инчунин, гӯсфанду равған ҳам додаанд. Вале ӯ дар бораи он ки кай ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт ба кор оғоз хоҳад кард, изҳори бехабарӣ намуд. “Ҳоло танҳо машғули корҳои хоҷагидориям”,-афзуд ӯ.

Дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон эълон карданд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст. Худи Аҳмадов ҳам гуфта буд, ки мақомот дар ин бора бо ӯ маслиҳат доштанд ва ӯ ҳам ризоияташро дода буд. Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд.

Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мегум мирзохучаи чун чанка тушка бурди мерасашун ба бохоршуна ба хдакта мунди охи бо гулакакот гишна намунан оли дареи сырхов майигири мерем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!