Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Садамаи дигари маргбор бо иштироки ноболиғу мошини гаронарзиш

17 октябр 2013, 13:59

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи гузашта, 16-уми октябр, як садамаи дигари маргборро сабт кардааст, ки дар пайи сари чанбараки мошин нишастани ноболиғ сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ ноболиғ Абдурашидов Умар Наҷмиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рудакӣ, хонандаи мактаби миёна, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ба сари чанбари автомашинаи тамғаи «Аудӣ», ки ба падараш Абдурашидов Наҷмиддин Эшбуриевич тааллуқ дорад, нишастааст: “Ин ноболиғ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Султонободи ноҳияи Рудакӣ, аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Анақулова Гулсара Ҳаиталиевна, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Гулоби ноҳияи Рудакиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сабаш газаби Аллох аст.ки душманонашро мефахмонад рузе писарони калономонро хам нишон медихад . агар тавба накунан интизори ин балохо бошан
Посух додан
  • Абдулло

  • 17 октябр 2013 23:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То кадом давра чунин фалокатхо руй медиханд? Барои чи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи чавобгарии падари модар дар тарбияи фарзандон кор намекунад? Бо ин хел макомоти кудрати ва конунгузор мо ба кучо меравем? Окибаташро фикр кунед, макомотхои ичрокунандаи конунхо.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!