Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

Баҳси парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” алайҳи Зайд Саидов

17 октябр 2013, 16:13

Парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, дар ҳоле мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки парвандаи дувум ба ин мазмун ҳанӯз ба додгоҳ ирсол нашудааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, гуфт, баҳси парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” рӯзи 16 октябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, 17 октябр низ идома кардааст. Ба қавли ӯ, қарор аст, дар мурофиаҳои баъдӣ шоҳидони бештар оид ба таҷовуз ва исқоти ҳамли “ҷабрдида” пурсида шаванд.

Оқои Қудратов мегӯяд, дар бораи пурсишу посухи вакилон ва худи Зайд Саидов аз духтари “ҷабрдида” наметавонад иттилои бештаре бидиҳад. Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон 16 июли соли ҷорӣ алайҳи соҳибкори муваффақи тоҷик "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд.

Оҷонсӣ гуфта буд, ба ин ниҳод ноболиғ "А" бо ариза муроҷиат намудааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Иттилое, ки Зайд Саидов онро беасос ва дурӯғин хондааст. Баъдтар, 24-уми сентябри соли ҷорӣ Оҷонсии мубориза бо коррупсия алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боз як парвандаи ҷиноӣ боз кард. Мақомоти тафтишот дар як барномаи телевизионӣ гуфтанд, оқои Саидов ду сол пеш як духтари 12-соларо бо баҳонаи он ки ба лагер мебарад, ба бӯстонсарояш бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Баъдан дар ин навор гуфта шуд, гӯиё Зайд Саидов барои “рӯпӯш” намудани ин амали худ духтари русро, ки аз ӯ “Г.Е.” ном бурда мешавад, аз тариқи зӯр панҷ рӯз дар бӯстонсарояш нигоҳ доштааст.

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, рӯзи 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Мақомот аз рӯйи 9 модда алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Мурофиаи ӯ аз 12 сентябр ба инҷониб паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ҷараён дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Odil

  • 19 октябр 2013 21:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Faqat yak chiz hukumatdoron az Khudo tarsed
in fasodist ki shumo beimonho karda istodaed dar yagon mamlakati rui dunyo nest voi bar holi millati besohibi Tojik dar Tojikiston qonun vujud nadorad

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!