Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Ромодановский: Барои Русия бидуни Тоҷикистон мушкил хоҳад буд

21 октябр 2013, 12:12

Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, кишвараш аз ҳама равобити беҳтар дар самти муҳоҷират, бо Тоҷикистон дорад.

Ӯ гуфтааст, вазъият бо Тоҷикистон хеле печида ба назар мерасад, вале чӣ аз нигоҳи шумораи тавофуқот ва чӣ аз нигоҳи истодагарияш равобити муштарак бештар бо он ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи раҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, барои Душанбе бидуни Маскав будан бисёр мушкил хоҳад буд, читавре ки барои Маскав бидуни он аст: “Чун таърих ва ҷойгиршавии геополитикӣ чунин як ҳолатро ба миён овардааст.” Ӯ афзудааст, ки ниҳоди зертобеаш назоратро аз болои муҳоҷирони корӣ ҳангоми вуруд ба ин кишвар ҷиддӣ хоҳад гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия таъкид карда буд, ки шуруъ аз соли 2014 қавоиди вуруди муҳоҷирони корӣ аз давлатҳои пасошӯравӣ ба кишвараш вазнин шуда, онҳо бояд ҳангоми убури марзи Русия ҳам шиносномаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бо худ дошта бошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • А

  • 21 октябр 2013 12:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интизори бехбуди хастем лек, Хамин бехбудихоро рости хеч надидем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
душанбе бидуни маскав метавонад озод худро хис кунад
боз ягон хилаву найрангро пеша карданист авал ба мулоими рафта ба хадаф расанд баъд медонанд боз чи фищор оварда ба хадафи дигарашон расанд ба хамин хотир хукуматдорони мухтарам зиракии сиесиро аз даст надихед бо ехтиром милатдуст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон ягона давлати пасошурави аст.ки ханузам аз бисёр чихатхо аз Русия вобастаги дорад Русия аз Точик4истон дида дусти бовафо намеёбад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!