Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

Ёвари Меҳмон Бахтӣ: Мақолаи Тутубалинаро хонда, фишорам баланд шуд

22 октябр 2013, 15:44

Ҳикмат Раҳматов ва Аскаралӣ Раҷабов, ки аз Олга Тутубалина -- муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс” барои чопи як матлаб дар бораи бозгашти Бозор Собир 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд, рӯзи 22 октябр дар ин баҳси додгоҳӣ иштирок карданд. Ҳикмат Раҳматов -- ёвари раиси Иттиҳодияи нависандагон ва Аскаралӣ Раҷабов -- мудири шӯъбаи санъати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мебошанд.

Оқои Раҳматов дар ҳоле ки ба суоли додрасу вакилони мудофеъ посух медод, гуфт, матлаби Тутубалина дар бораи бозгашти Бозор Собир ба ватанро хондаву фишори хунаш баланд шудааст: “Ман аз 16-солагӣ кор мекунам. Дар тӯли тақрибан шаст соли фаъолиятам барои аввалин бор ҳамчун зиёӣ таҳқир шудам. Бештар ба ибораи “зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд”, ки Тутубалина аз номи Ленин истифода кардааст, норозиям”,-афзуд ӯ дар додгоҳ.

Вакилони Олга Тутубалина вақте аз Ҳикмат Раҳматов пурсиданд, барои ин матлаб аз Олга Тутубалина 200 ҳазор ҷуброни зарари маънавӣ пурсидааст ва чӣ далел дорад, ӯ гуфт, “агар бихоҳам, як миллион сомонӣ ҷуброн талаб мекунам”. Ин дар ҳолест, ки Аскаралӣ Раҷабов ба суоли вакилони мудофеъ аслан посух надод ва гуфт, ба додгоҳ барои имтиҳонсупорӣ наомадааст. Вай саволи вакилонро дар ҳаққи худ як навъ таҳқир донист ва гуфт, аз зиёӣ будани худ ифтихор дорад ва намегузорад, касе шаъну эътиборашро паст занад.

Дар оғоз гуфта мешуд, панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи нависандагон ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз Олга Тутубалина барои нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” 200 ҳазор сомонӣ товон талаб доранд. Аммо дар рӯзи нахустини мурофиаи вакили мудофеи даъвогарон Рустам Устобоев гуфт, ин 200 ҳазор ҷуброни зарари маънавӣ барои Ҳикмат Раҳматов, Аскаралӣ Раҷабов ва Дилбар Абдиева буда, панҷ иттиҳодияи эҷодӣ мехоҳанд, Тутубалина аз онҳо расман маъзаратхоҳӣ кунад. Даъвогарон мегӯянд, Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Бо ин ҳол, Сурайё Ҷобирова, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе, аз вакили мудофеи ҷониби даъвогар хост, то дар мурофиаи навбатӣ Меҳмон Бахтӣ -- раиси Иттиҳодияи нависандагон, Мамадшо Илолов -- президенти Фарҳангистони улум ва Дилбар Абдиева ба додгоҳ ҳозир шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чӣ мазҳака дар суд? Ба ҷое, ки таҳқиркунанда пурсиш шавад, даъвогарро зери савол қарор додааанд? Чаро аз О.Т. намепурсед, ки ӯ бо кадом мақсад ин суханони падари маънавияшро ба тоҷикон нисбат додааст? Ҳамин ҳам суд шуд? angry
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 22 октябр 2013 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакили мудофеи Олга Тутубалина: Далели талаби 200 ҳазор ҷуброни зарари маънавӣ чист?
"Зиёи"Хикмат Рахматов: Агар бихоҳам, як миллион сомонӣ ҷуброн талаб мекунам.
Вакили мудофеъ: Шумо ба савол чавоб надодед.
Хикмат Рахматов: Ман зиёи хастам ва аз зиёи будани худ ифтихор дорам. Ба ман савол надихед, ман барои имтихонсупори наомадаам.
Магар пас аз ин боз метавон гуфт, ки Олга Тутубалина иштибох кардааст?
Посух додан
  • Ne-Ziyoi

  • 22 октябр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Юсуф,

Agar hamiyo ziyoi boshand, voy ba holi mardumi mo
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Тоҷикистон қонуни ҷангал амал карда истодааст. Чунин даъво ҳатто бояд қабул ҳам карда нашавад. Баъзе судяҳои мо на савод доранду на қонунро медонанд. Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад Тоҷикистону мардуми ҳакгую хакчуи онро. Окои Рахматов, охир Тутубалина шуморо тахкир накардааст, обрую эътиборатонро паст назадааст, ки фишори хунатон баланд шавад! Тутубалина танхо аз суханони Ленин иктибос овардаасту халос. Магар барои иктибос овардан аз сухани касе хам шахспро чавобгар кардан маниик дорад?! Магар шарм намедоред шумову хаммаслаконатон?! Содда карда фахмонам, агар Тутубалина мегуфт, ки "Рахматов начосат аст", он гох шумо метавонистед даъво кунед. Лекин дар чунин холате, ки чой дорад, шумо барин зиёиёну судяхо харро хам ба ханда оварда истодаед. Илтимос, Точикистнро ба Торикистон табдил надихед! Ин чи бедодист!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э мардум ин чи гап хаст ки як журналист аз ким кучо омада халки моро зери тозиенаи танкид гирифтааст.ба кавле аз мардум "срш кнен гумш кнен ай амича кияй и хдш". наход ки судхо дигар кор надошта бошанд равед аз пайи проблемахои мушкил шавед ин чи гап хаст. О.Т. пушт дорад эй мардум.Бинед ботантана аз маскав ба дасти точики худамон ордени шараф фиристонданд ки маънояш сад дар сад тавонисти ки хамаи миллати точика дар як они вохид зеру забар куни.инаш магар тахкир нест.ба чои он ки хушдор диханд ки ин коратро бас кун е эхтиет кун... ана дидед ки чи хел "поддержка" мекунандаш.Маънавиети бои миллати точик ба 200 хазор сомони баробар будааст ин худаш чи гап хаст.бигузор солхо дар кунчи турма шинад бад фахмад ки ин миллат миллат будааст.э вакилон кани гурури миллиатон кани акалан як бор нишон дихед ки шумо хам миллат доред.Бовар кунед ки айби худи мо хаст ки мегузорем чунинхо санг бар сари мо зананд.Ин корро сахт гиред.на ин зиеиен балки О.Т.ро пурсед сахт пурсед чи чаро ки нону намаки моро хурда истода боз ба намакдони мо туф мекунад.Ин озодиро барои у ки додааст ки хар чи ки хохад мегуяд.Халки точик хушер бошед ки хар нохалаф ба мо расидагири накунад.
Посух додан
  • Зарнисор

  • 23 октябр 2013 09:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И зиёни ба ном зиёии мо нав маълум кардан ки аз ...... бадтаранд. Вакте масъалаи пул пеш омад фишор он тараф истад ........ -ро мефуруршед. Ана аку маълум шуд ки гуфтахои Тутубалина вокеият доштааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БИСЁРИХО ИНЧА НАФАХМИДА МЕНАВИСАНДУ МЕГУЯНД. Хикмат Рахмат дуруст гуфт: хохад, 1 млн талаб мекунад (аммо маблаги нихоиро танхо суд таъин мекунад). Лекин адвокат уро гуё имтихон мекард: кани, медонад, ки маблаги барои тахкир талабшаванда махдудият надорад? Вай барои хамин ба адвокат ин хел чавоб дод.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!