Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 март 2017, 15:12

Боздошти марди 55-сола ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

28 октябр 2013, 16:50

Мақомоти пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори Корвон, як сокини 55-солаи ноҳияи Ҳисорро боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ ба шуъбаи пулис Пирова Назокат Шариповна, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ҳисор муроҷиат намуда, арз доштааст, ки санаи 26-уми октябр, дар нисфи рӯз дар бозори «Корвон»-и Душанбе, шахси номаълум бо тариқи зўроварӣ аз дасташ 200 сомонӣ маблағи пулиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Маъмурини пулис мегӯянд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба ғоратгарӣ шаҳрванд Расулов Мурод, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Ҳисор, дастгир карда шуд. Мақомот мегӯяд, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!