Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:04

ФИФА исми муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро эълон кард

29 октябр 2013, 10:29

ФИФА, Федератсияи байналмиллалии футбол дар торнамои расмии худ исми 23 муддаии ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро эълон кардааст.

Ин ҷоиза ба беҳтарин футболбози ҷаҳон тақдим мешавад. Шаш тан аз муддаиён бозигарони клуби “Бовария”-и Мюнхенанд. “Бавария” қаҳрамони феълии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо аст. Чор мудаии дигар аз бошгоҳи “Барселона”-и Испания ҳастанд.

Ҷоизадори “Тӯби тилоӣ” дар пайи овоздиҳии сармураббиён, сарварони тимҳои миллӣ, ҳамчунин намояндаҳои ВАО муайян мегардад. Моҳи декабр ФИФА сегонаи бозигаронеро, ки теъдоди бештари райъҳоро гирифтаанд, муаррифӣ мекунад. Исми ҷоизадори “Тӯби тилоӣ” бошад, 12-уми январи соли 2014 маълум мешавад.

Феҳрасти муддаиёни “Тӯби тилоӣ”:

Эден Азар (Белгия / “Челси”);
Гарет Бейл (Уэлс / “Реал”);
Златан Ибрагимович (Шветсия / ПСЖ);
Андрес Инеста (Испания / “Барселона”);
Эдинсон Кавани (Уругвай / ПСЖ);
Филипп Лам (Олмон / “Бавария”);
Роберт Левандовски (Лаҳистон/ “Боруссия” Д);
Лионел Месси (Аргентина / “Барселона”);
Томас Мюллер (Германия / “Бавария”);
Неймар (Бразилия / “Барселона”);
Мануэл Нойер (Олмон / “Бавария”);
Месут Озил (Олмон / “Арсенал”);
Робин ван Перси (Нидерландия / “Манчестер Юнайтед”);
Андреа Пирло (Италия / “Ювентус”);
Франк Рибери (Фаронса / “Бавария”);
Арен Роббен (Нидерландия / “Бавария”);
Криштиану Роналду (Португалия / “Реал”);
Луис Суарес (Уругвай / “Ливерпул”);
Тиаго Силва (Бразилия / ПСЖ);
Яя Туре (Кот-д'Ивуар / “Манчестер Сити”);
Радамал Фалкао (Уругвай / “Монако”);
Хави (Испания / “Барселона”);
Бастиан Швайнштайгер (Олмон / “Бавария”).



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!