Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

“Челси” “Арсенал”-ро аз идомаи сабқат маҳрум кард

30 октябр 2013, 10:16

Клуби “Челси”-и Лондон дар бозии даври 1/8 финалии Ҷоми лигаи Англия ба дарвозаи “Арсенал” ду голи беҷавоб зад.

Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Сесар Аспиликуэта боз кард. Голи дуюмро Хуан Мата дар дақиқаи 66-ум вориди дарвозаи “Арсенал” намуд.

Ба ин тартиб “Арсенал” аз идомаи сабқат маҳрум шуд ва “Челси” ба 1/4 финал роҳ ёфт. Дар бозии дигари 1/8 финалии Ҷоми лига “Манчестер Юнайтед” бо ҳисоби 4:0 “Норвич”-ро мағлуб кард. “Лестер” бошад, “Фулхэмом”-ро бо ҳисоби 4:3 шикаст дод. “Вест Хэм” ҳам ба дарвозаи “Бернли” ду голи беҷавоб зад. “Бирминг” аз “Сток Сити” шикаст хӯрд.

Замони бозиҳои даври минбаъда ҳоло маълум нашудааст.

Ҷоми лигаи Англия аз соли 1960 гузаронда мешавад. Дорандаи ҷоми феълӣ “Суонси” аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!