Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:39

Партовгоҳи радиатсионӣ ба экологияи ноҳияи Ғафуров зарар дорад

1 август 2011, 10:20

Масъулони ҷамоати «Ғозиён»-и ноҳияи Б.Ғафуров  дар  барономаи рушди ин ноҳия барои солҳои 2011-2015  масоили безаррарсозии  партовгоҳи мавҷуди  радиатсионӣ дар ин минтақаро таъкид  доштаанд.


Бар тибқи ин барнома ҳолати кунунии  он таҷдиди назар шавад ва чораҳои безаррарсозии аз он пиёда карда шавад.
Наимҷон Ҳакимов сарвари ҷамоати «Ғозиён» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки ҳоло кӯли як замонҳо мавҷуди канори ин партовгоҳ  хушкидааст  ва акнун  ба ҳангоми вазиши шамол чангу ғубори ин партовгоҳ муҳитро олуда месозад ва вазъи экологиро шадид мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, мегӯяд ӯ, ин масъала дар барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2011-2015 зикр ёфта ва акнун таксдиқи маҷлиси вакилони ноҳиявиро интизор аст.

Гуфтанист, партовгоҳи радиатсионии мавҷуд дар ҷамоати «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз партовгоҳҳои мероси замони шӯрави буда, то ба ҳол пурра безарар гардонида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд боз ҳастанд, ноҳияҳое, ки на дуртар аз 5 километр аз масофаи ин гуна партовгоҳҳо  одамон ба сар мебаранд, ки эҳтимол ба вазъи солимии онҳо таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Бар пояи маълумотҳои расмӣ,  ҳоло дар қаламрави вилояти Суғд худуди 550 миллион тон чунин пасмондаҳои моддаҳои радиоактивии замони шӯравӣ боқӣ мебошанд, ки то ҳол безарар гардонида нашудаанд ва барои безарраргардонии он маблағи ҳангуфт зарур аст, ки феълан буҷаи Тоҷикистон ин имконро надорад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!