Бахшҳо

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд чӣ касе буд?

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, фармондеҳи толибони Покистон, ки дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико кушта шуд, ҷонишини фарде шуда буд, ки сарнавиште монанди худаш дошт.

Ба гузориши хабаргурозии “Форс”, ҳамлаи мушакии ҳавопаймоҳои бе сарнишини Амрико ба минтақаи Вазиристони шимолӣ боиси кушта шудани Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари ҷунбиши толибони Покистон шуд.

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, ки мутаваллиди соли 1978 буд, пас аз кушта шудани Байтуллоҳ Маҳсуд ба раҳбарии ин гуруҳи ниманизомӣ расид. Вай пеш аз кушта шудани Байтуллоҳ, ки ӯ ҳам дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бе сарнишини Амрико кушта шуд, муовини вай дар умури фармондеҳӣ ва аз сарони гуруҳи низомӣ бо номи “Фидоиёни Ислом” буд.

Ошноии Ҳакимуллоҳ бо Байтуллоҳ ба даврони мадраса бармегардад, ҷое ки ӯ дар даврони хонданаш дар мадрасае дар минтақайи “Ҳонгӯ”и Покистон, бо Байтуллоҳ ҳамроҳ буд. Ҳакимуллоҳ, ки барои худаш номи Зулфақорро интихоб карда бу,д ба унвони муҳофизи шахсӣ ва муовини Байтуллоҳ интихоб шуд.

Номаш дар он замон дар миёни неруҳои толибон ба хотири маҳоратҳое, ки дар набард бо силоҳи “клашинков” дошт, шуҳрат ёфт. Гуфта мешавад дар он замон танҳо фарде ба номи Нек Муҳаммад аз ӯ маҳорати бештаре дар истифода аз ин силоҳ дошта аст.

Соли 2004 у сухангуи толибон шуд ва байни тобистони соли 2007 ва баҳори 2008 ҳамлаҳои низомие алайҳи корвони низомии Амрико созмондеҳӣ кард, ки боис шуд “Тангаи Хайбар” дар марзи Афғонистон ва Покистон, 6 бор баста шуд. Шояд ба ҳамин сабаб буд, ки фармондеҳии манотиқи “Укозӣ” , «Хайбар» ва «Карам» дар ҳамин сол ба ӯ дода шуд.

Дар 22 августи солии 2009 Маҳсуд 28 сола ба раҳбарии ҷадиди гуруҳи таҳрикии толибон таъйин шуд. Дар он замон гуруҳи толибон кушта шудани Байтуллоҳро рад мекард ва ин таъйиноти нав хабарӣ буд, ки гумоназаниҳо дар бораи марги раҳбари пешини толибон дар ҳамалоти Амрикоро тасдиқ мекард.

Аз ин замон ба баьд худи Ҳакимуллоҳ ҳадафи овозаҳои зиёде аст, ки гоҳу бегоҳ марги ӯро эълон мекунад. Камтар аз як ҳафта аз интихоби ин раҳбари толибон нагузашта буд, ки шабакаҳои хабарии покистонӣ гузориш доданд Ҳакимуллоҳ дар даргириҳое, ки байни неруҳои у ва як қабилаи дигар барои таъйини ҷонишини Байтулоҳ сурат гирифта, кушта шудааст.

Бо он ки худи Ҳакимуллоҳ чанд рӯз пас аз ин овозаҳо бо Би Би Си тамос гирифт ва зинда буданашро эълон кард, овозаҳо идома дошт ва ин қоида то замоне, ки у бо гуруҳе аз хабарнигорон дидор накард, тамом нашуд.
Бо ин ҳол, шуълаи овозаҳои марги Ҳакимуллоҳ танҳо то як муддате аз байн рафт, чаро ки дар 14 феврали 2010 ҳамлаи Амрико ба маҳалле, ки гуфта мешавад ин раҳбари толибон дар онҷо хоб буда, боз ҳам бозори гумоназаниҳоро гарм кард. Аъзам Торуқ, сухангӯи толибон билофосила кушта шудани вайро рад кард, аммо расонаҳои покистонӣ боз ҳам гузориш доданд, ки у захмӣ шуда ва вафот кардааст.

Гузоришҳои зиду нақиз, ки гоҳ марг ва гоҳе зинда будани раҳбари толибонро хабар медоданд, танҳо ҳангоме ба поён расиданд, ки у ҳам дар феврали соли 2011 дар видиое марбут ба кушта шудани «Султон Амир Тарор», яке аз афсарони артиши Покистон, дида шуд.

Аз он ба баъд гузоришҳои парешони дигаре аз марги раҳбари толибон мунташир мешуд, то инки рӯзи ҷумъа расонаҳо бори дигар дар гузорише, ки монанди тахмин ва гумонаҳои қаблӣ буд, кушта шудани уро эълон карданд. Аммо инбор авзоъ аз он ру дигар буд, ки толибони Покистон ба фосилаи андаке пас аз ин гузоришҳо, марги раҳбари гуруҳии толибонро тасдиқ кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)