Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:52

Шаҳрвандони масти Қирғизистон марзбонони тоҷикро латукӯб кардаанд

6 ноябр 2013, 10:31

Вазорати умури дохилии Қирғизистон таъйид намуд, ки мошини ҳомили марзбонони тоҷик дар вилояти Бодканд ҳадафи ҳамлаи шаҳрвандони масти қирғиз қарор гирифтааст.

Ба иттилои ин ниҳод дар деҳаи “Қоқ-Тош”-и вилояти Бодканд, ҳангоми қайди тӯйи арӯсӣ, меҳмонон миёни ҳамдигар ҷанг шуда, як тӯдаи онҳо ба мошине, ки ҳомили марзбонони тоҷик будааст, дарафтодаанд. Ба иттилои манбаъ шаҳрвандони масти қирғиз марзбононро латукӯб намуда, шишаи мошинашонро шикастаанд.

Дар раёсати умури дохилии Бодканд ба бахши русии “Озодагон” гуфтанд, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро баъди таҳқиқ шарҳ хоҳанд дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Dev

  • 6 ноябр 2013 23:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hub karden ! Odami pasti behuna dar hama joj mezanand.Odami bogurur to ohiri nafas mezanad.Halki tojik ba zadan odat kardagi, dar hama joj lagadhur .

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!