Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

Издивоҷи “Ҷимии тоҷик” бо ҷавонзане аз Санкт-Петербург

8 ноябр 2013, 10:31

Боймурод Аллабердиев, ки дар Русия зиндагӣ мекунаду бештар бо номи “Ҷимии тоҷик” маъруф аст, бо як ҷавонзане аз шаҳри Санкт-Петербург оила барпо намудааст.

Нашрияи “Московский комсомолец” мегӯяд, маросими хонадоршавии “Ҷимии тоҷик” рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ баргузор шуда ва Боймурод Аллабардиев бо охирин пулҳои ҷамъкардааш шомпон ва гул харидааст. Оқои Аллабердиев мегӯяд, панҷ соли қабл барои муҳоҷират ба Русия рафт ва дар даст аслан маблағе надошт. Аммо ҳоло гурӯҳи мусиқии худро ташкил намуда, тавонистааст бо пули худ оила барпо намояд.



Людмила -- завҷаи Боймурод соҳиби маълумоти олӣ будааст. Онҳо дар сӯҳбат бо “Московский комсомолец” гуфтаанд, бисёр мехоҳанд, сокинони Санкт-Петербургро бо муҳоҷирон ошно намуда, сӯитафоҳуми эҷодшуда миёни онҳоро аз байн бубаранд.

Аллабердиев, ки аслан миллаташ узбак будааст, бештар бо номи “Ҷимии тоҷик” маъруф аст. Нахустин видеои ӯ дар Ютюб яке аз сербинандатаринҳо буд, ки дар он таронаи Митхун Чакрабортиро аз як филми ҳиндӣ бо зарби тахтаву сатил бозхонӣ мекунад. Вай моҳи октябр дар барномаи “Пусть говорят”, ки он ҷо қиссаи муҳоҷири тоҷик Саид Шарифов мавриди баҳс қарор дошт, ҳузур пайдо кард. Вай он ҷо гуфта буд, ба зудӣ оиладор мешавад.

Аллабериев соли 1971 дар колхози "Правда"-и шаҳри Қурғонтеппа таваллуд ёфтааст. Як навори ӯ дар соли 2009, ки бо истифода аз сатил таронаи "Jimmy Jimmy Jimmy Aaja"-и ҳиндиро месарояд, дар бахши клипҳои ҳаваскории YouTube "Видеои сол" эълон шуд. Зоҳиран баъди ҳамин ӯ ба як чеҳраи маъруфи шоу бизнеси Русия табдил шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шариф

  • 8 ноябр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин сарояндагони Эрон дар Лос анжелоси Амрико сукунат доранд. Хамин хел Чими дар Точикистон 100 хазор хаст, баъд чи? Гиря кунем, ки ансамбл кардаю Людмиларо гирифтааст. Товба фач нанависед.
Бубинед рузноманигоро шумо ягон матлаби ба дарди чомеа дармон надоред. Як роху як усули зиндаги ё як сухани бузургеро таргиб кунед, ки мардум фоида бинад.
Матлабхои ночиз - гови Мирзо гусала кардаасту гусалааш панч по дорад. Ин матлабхои шумо хоси очаи зикаву бика хастанд.
Посух додан
  • ап

  • 8 ноябр 2013 10:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Чиммиро хамчун як масхарабоз дар Россия кабул мекунанд. Аз Равшану Чамшуд халос шудем, боз ин Чимми пайдо шуд. Хол он ки у на точик, балки кунгурот аст.
Посух додан
  • Чп

  • 8 ноябр 2013 21:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эбеакл пастар гап зан ки Точикистонат дар дасти хамон кунгуроту лакайю калуг аст бо очаи зората дар хобат набини Чашмата алокуну бин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАМИНА АЧАБ НАВИШТЕ ХОЗИР ЯК ТОЧИК ЯК КОРИ ХУБ ДА ДАР РУССИЯ КУНАД НАМЕНАВИСЕ БО ЯК РУЗИ ДИГА ИН МАЙМУНША ДАР БАРНОМАИ ПУСТЬ ГОВОРЯТ НИШОН МЕТИЯН КИ ТОЧИК АСТ АЗ ЗАНИ ТОЧИКАШ ГУРЕХТАСТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миллаташ узбек набуд чун зодаи ва шаҳрванди Тоҷикистон аст яъне миллаташ тоҷик аст. Қавмаш узбек аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!