Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:12

Маҷрӯҳони садамаи BMW-и Расул: "Касе ба суроғамон намеояд" (ВИДЕО)

9 ноябр 2013, 13:11

Нилуфари КАРИМ

Табибони бемористони Қарияи Боло пойи Азиза Рӯзиева -- як маҷрӯҳи садамаи нақлиётӣ бо иштироки Расули Амонулло, писари раиси Роҳи оҳанро, ҷарроҳӣ карда ва гуфтаанд, ӯ наметавонад як сол роҳ гардад.

Баъд аз садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе барои бори дувум аст, ки Азиза ҷарроҳӣ мешавад. Худи ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷарроҳии пояш рӯзи якуми ноябр анҷом шуда, баъд аз шунидани хабари он ки як сол роҳ гашта наметавонад, сахт ғамгин шудааст.

Азиза афзуд, рӯзи ҷумъаи 8 ноябр модараш ба назди Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, рафтааст, то ин масъаларо бо ӯ дар миён гузорад, аммо муваффақ нашудааст: "Пойҳоям кор намекунанд. Ҷойҳое, зарб хӯрдаанду шикастаанд, сахт дард доранд. 1 ноябр ҷарроҳӣ карда, дар кос оҳан монданд ва духтурон мегӯянд, баъд аз як сол оҳанро мегирем. То як сол маро кӣ нигоҳубин мекарда бошад? Модарам бояд кор кунад, пеш ман кор карда оилаамонро таъмин мекардам. Осон нест дар ҷойгаҳ хоб рафтан, боз ними баданат ҳаракат накунад. Пули ҷарроҳиро додан даркор, намедонем аз куҷо пайдо кунем. Чанд вақт аст, ягон нафар суроғамон намекунад. Худо ба ҳар кас инсоф диҳад."

Маҷрӯҳони садамаи BMW-и Расул: "Касе ба суроғамон намеояд" (ВИДЕО)Хабарнигори "Озодагон" имкон пайдо кард, дар бемористони Қарияи Боло бо Шокир Маҳкамов, маҷрӯҳи дигари ин садама, ки чанд муддат дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буда, ҳатто баъзе расонаҳо аз марги ӯ хабар дода буданд, дидор кард. Шокир гуфт, аз ҷароҳатҳои бардоштааст сахт азият мекашад ва қарор аст, рӯзи сешанбеи 12 ноябр ҷарроҳии севумашро аз сар гузаронад.

БОЗПУРСИИ РАСУЛИ АМОНУЛЛО
БОЗПУРСИИ АМОНУЛЛОИ ҲУКУМАТУЛЛО
ИЗҲОРОТИ РАИСИ РОҲИ ОҲАН
ДАЪВО НАДОРЕМ
ВОКУНИШИ СӮҲРОБ ШАРИФОВ

Ин дар ҳолест, ки Мадина Аҳмедова – яке дигар аз маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябр мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз бемористон мураххас шудааст, вале аз захмҳои бардоштааш то ҳол азият мекашад. Вай гуфт, “то ҳол дар хона хобам, аммо онҳо ягон бор занг ҳам назаданд. Бояд барои ҷарроҳии Азиза кумак мекарданд, вале накарданд. Ҳатто рақами телефонашон хомӯш аст.”

ШОКИР МАҲКАМОВ ДАР БОРАИ ҶАРОҲАТҲОЯШ...



...ВА САДАМАИ ШАБИ 9 ОКТЯБР



Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Ин барои бори дувум аст, ки номи фарзандони Амонулло Ҳукуматулло дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир ва ҳукми зиндонаш дар Русия дар сархати расонаҳо ҷо гирифта буд.


Дар акси аввал: Азиза Рӯзиева


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шахрванд

  • 9 ноябр 2013 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тибки Сарконуни Ч.Т (моддаи 38) шарвандони Точикистон дар муассисахои табобатии давлати,хукуи табобати ройгонро доранд. Навиштахои Сарконунро барои чи ичро намекунанд?
Посух додан
  • Шахрванд

  • 9 ноябр 2013 16:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ба ин бандагони золим дар ин ва он дунё нишон медихад Иншооллох..... Чаро авал интервю додабуд ки то назди беморхона омада будаст аммо руяш нашидаст ба беморхона дарояд ва дигар касро равон кардаст. Имруз бошад мегуяд ки расонахои матбуоти маро тухмат мекунанд? Ин гувохи медихад ки писари вай гунахкори садама аст. ЧО аз Гурбонгули Бердимухаммед ибрат гир!!!!!!
Инхо барои чамъияти мо як эпидеми мебошанд...... Дар охир ба зарардидагон аз даргохи Худованд шифои комилро орзу дорам......
Посух додан
  • tojik

  • 10 ноябр 2013 11:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
jarohii sadamaho be pul ast dar hama dunyo.zik nashaved az shumoham pul namegirand agar girandam puli shumo dodagi hast.
Посух додан
  • Паншер

  • 10 ноябр 2013 15:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Бародарони ахли ислом иншоъло Худлванд мезанад

Хукумовро авал аз вазифа сабукдуш кунед
Посух додан
  • беном

  • 10 ноябр 2013 15:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман нафахмидам модоме ки ронанда писари хукумов бошад дар ин чо Умар Шарифов чи гунох дорад. Ачоиб ба чои ронанда мусофирро гунахкор мекунанд ин милисахои мо
Посух додан
  • а

  • 11 ноябр 2013 07:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кадом инсони баномус рафта ин гунаро зиерат мекунад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
и камбагал ки боша бо ита гунахгори азим шидаст тамом бачаи Хукумов ягон гунох надора хами одам помех додаги ба фикрам бкове ягон пиёдагард мумкин гунахкорай
Посух додан
  • Jon

  • 11 ноябр 2013 10:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salom Mardumi Sharifii Tojikiston,

Man yak chiz guftani hastam. Agar ki hamin shash 100000000000 doshta boshad vaqte ki Parvardigor gazabash meoyad 10000000000000 kor namedihand. Yak ruz ne yak ruz mebinem hamin ahvolroo dar sarii Hukumov. Man hamesha duo mekunam ki haminruzroo ba sarii hukumovhoo biyorad Parvardigor.. Az uu moshinoii qimate ki ba sumii harom mekhared in mardumii begunohroo tavobat kuned.
Посух додан
  • tojik

  • 11 ноябр 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dar hakikat pisari hukumov dar sari rul nabudast.
Посух додан
  • Хусрав

  • 12 ноябр 2013 18:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар касе камбагал ин садамаро ичро мекард, уро барвакт суд карда аз СИЗО дур сар намедоданд. Ман то хол хайронам ки то кадом вакт халки точик ин тайорахурхоро токат мекунад. Ин вокеа ба кадом дарача бепарвогии хукумати Точикистон омадагияшро нишон медихад...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!