Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:55

Эмомалӣ Раҳмон метавонад, дар 7 соли оянда курсияшро ҳифз кунад?

19 ноябр 2013, 09:51

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 16 ноябр ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон дар ҳузури аъзои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон савганд ёд кард ва ба даври чаҳоруми раёсаташ дар ҳафти соли оянда оғоз намуд. Мухолифони оқои Раҳмон мегӯянд, ӯ ба давраи мушкилтарини раёсаташ ворид шудааст ва бояд барои ҳифзи қудраташ ислоҳоти чашмрасеро гузаронад. “Озодагон” аз се номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи 6 ноябр пурсид, оё Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ҳафт соли ояндаи раёсаташро ҳифз кунад?

Исмоил Талбаков, номазд ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунист:

“Бале, метавонад. Тоҷикистон як кишвари мустақил асту онро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам эътироф кардааст. Танҳо ҳукумати нави Тоҷикистон бояд аз афроди ҳирфаӣ, ватандӯст ва ҳақиқатҷӯ ташкил шавад. Фикр мекунам, ин дафъа Раҳмон ба маҳалли баромад, ба дидгоҳи сиёсӣ ва ҳизбии кадрҳо нигоҳ накарда, дар атрофаш одамони арзандаро ҷамъ хоҳад овард. Ман ба ин бовар дорам. Дар ин бора худи Раҳмон низ сухан гуфтааст.”

Ойниҳол Бобоназарова, номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи президентии 6 ноябр, ки аз идомаи сабқат маҳрум гардид:

“Ин аз худи Раҳмон ва ҳукуматаш вобаста аст. Раисиҷумҳури нави Гурҷистон вақте савганд ёд кард, гуфт, бояд гузаштаро фаромӯш кунем. Ман ҳам чунин фикр дорам. Ҳама вақт гузаштаро ба ёд овардан кори хуб нест. Бале, ҷанги шаҳрвандӣ буд, вазъ муташанниҷ буд. Аммо ҳоло бояд роҳро дигар кард, ҷанбаи таблиғотро тағйир дод. Вақти он расида, ки бояд тамоми мушкилоте, ки ҳаст, ҳал шавад, то мушкилиҳои дигар рӯ назананд. Бояд аз тавсифу дурӯғ гуфтан ба амал гузашт. Муҳим аст, ки дар бораи оянда биандешем.”

Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ:

“Мо ягон нерӯ ва ягон барнома надорем. Худи Қонуни асосӣ иҷоза медиҳад, ки Раҳмон ҳафт соли дигар ҳукмронӣ кунад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шер

  • 19 ноябр 2013 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукуматро мархилаи сангине дар пеш аст. Оё дар 7 соли оянд масъалаи БАРК, ЧОИ КОРИ, САТХИ ЗИНДАГИ хал мешуда бошад. Баъд Худо ба с.2020 расонад Баъди Э.Рахмон ки меояд? Дар холе дар давоми 20 сол дигар шахсият омода накардаанд. Хулоса ИМТИХОНИ БУЗУРГЕ ИН ХУКУМАТРО ДАР ОХИР ИНТИЗОР АСТ. Худованд ба рузхои нагз расонад. Бо умеди тавфик Шер.
PS: Рости аъзои ягон хизбу харакат нестам. Фикри ман ин аст Рохбари арзандаи ояндаро дар Симои М.КАБИРИ(на ХНИТ, чун хизб омода нест) мебинам. Яъне чун шахсият, чун сиёсатмадор, чун фарди харизматик хама нишонахои Рохбариро дорост. Охир ухам фарзанди хамин диёр аст, на бегона.
Посух додан
  • tojik

  • 19 ноябр 2013 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bobonazarova tu chi guftanii ki rahmon duruggu hast?rahmon behtarin odam ast.rahmon boyad avval vatanro az shumo barin josusonu jangxohon najotu toza kunad.
Посух додан
  • Dev

  • 19 ноябр 2013 13:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,
Metavonisti bo Shumo murojiat kuni , chun Bobonazarova modar ast , zan ast ,zani tojik ast ! Shoyad sijosati ozodu mukovimati solimro shunida boshi !


Шер,
Kabiri dar hakikat donishmandu sijosatmadorand , vale bo HNIT ba sari kudrat omadan( chun HNIT ba sari kudrat omadanash niz nomumkin ast ) in margi Tojikistoni kuchak meshavad. Hele hub mebud Kabiri az in hizb ba dar meraftand va albatta kismi zijodi mardum tarafdor meshudand.
Посух додан
  • Бонд

  • 19 ноябр 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,
Аввал ту барин нафарони бесаводу бефархангро ба мактаб аз сари нав
равон кардан даркор ,ки шумо босавод шавед ва нисбати дигарон бо фарханг сухан заданро ёд гиред. Точикистон хатман обод мешавад ,лекин бе ту барин чоплусу лагандбардорон.

Э. Рахмон курсиашро хифз мекунад ё не? Лекин хаминашро таъин медонем,ки дар 7-соли оянда сатхи зиндагии мардум бадтар мешаваду хуб не. Боз хамон бекори,бебарки ,ришваситони,ноадолати,вазифафуруши,сатхи
пасти зиндаги,хешутаборбози ва махалгарои,шиканча дар муассисахои ислохоти. Оё Хукумати кунуни кодир хаст,ки дар муддати 7-сол хамаи ин камбудихоро бартараф кунад?
Ман бовари надорам.
Посух додан
  • Банда

  • 19 ноябр 2013 19:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сулолаи сомониён 99 сол хукумрони кард,шояд ин хам хамин кадар подшохи кунад бо писару наберахояш.
Посух додан
  • Хайдуло

  • 19 ноябр 2013 19:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайчафар .,нов магар шарм намедори. Э як маротиба сар ба чайби тафаккур бар. Инро дар Файзобод беномуси мегуянд, дар Фархору Ховалинг намедонам чи мегуянд.
Посух додан
  • Вичдон

  • 19 ноябр 2013 21:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,
tojik,
tojik,
tojik,
tojik,
tojik,
tojik,
Шарматон бод эй касоне,ки тахаммули шунидани камбудиро надоред. Изхори назар кардан хаки мусаллами мост. Низоми хокимияти халки ин ичозаро ба хар як шахрванд медихад, вале бо чумлахои "хамачи оруме ман чи кадар хушбахтам" гуфтанхо намешавад, ки якдигарро фиреб дихем. Бояд камбудии чиновникхои бемаъсулиятро ба сатхи болои хукумат расонем.
Посух додан
  • Мастчох

  • 20 ноябр 2013 08:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хей ту хутта ТОЧИК нависти ту точик нести ту чоплюси ту ин хама фиребхора мебинию болагандбардори мекуни набени дар чашми мардум чихел хок мепошанд инхукуматдорон 7 соли дигар ин режими чоплюси хамара заразид мекунад
Посух додан
  • tojik

  • 20 ноябр 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мастчох,
man tojiki tozzzzai kuhistoniam.man kuru kar nestam-az suxanoni in muxolifin bui baxelivu hasud astu xalos.in toifaho dunyora vairon kardesan.magar namebinemu nameshunavem?roli inho dar kinoho ast-medoni.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!