Бахшҳо
19 ноя 2013 15:05Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дахолати вазир ба қазияи “облава” ва латукӯби Абдумалик (ВИДЕО)

Масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон аз хонаи Абдумалики Абдурасул, ки ахиран ҳангоми облава дар Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифтааст, дидан намуда, ҷузъиёт ва ҷойи ҳодисаро таҳқиқ кардаанд.

Абдуррасул Сатторов, падари Абдумалик дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ду тан аз кормандони Вазорати дифои кишвар ба хонаи ӯ омада, аз аҳволи Абдумалик ва макони ҳодисаю шоҳидони қазия пурсон шудаанд: “Ин ду нафар ба ман гуфтанд, ки бо фармони вазири дифоъ, Шералӣ Хайруллоев ба инҷо омадаанду дастур гирифтаанд, то омилони латукӯби писари маро муайян ва муҷозот кунанд.”

Ба иттилои Абдурасул Сатторов, кормандони Вазорати дифоъ бар асоси гуфтаҳои шоҳидони қазия муайян кардаанд, ки яке аз ҳамлагарон корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт будааст.

Дар ҳамин ҳол Сатторов аз бетаваҷҷуҳии Додситони ҳарбии кишвар ба қазияи латту кӯби писари маъюбаш ибрози нигаронӣ намуд. Ӯ мегӯяд, рӯзи 24 октябр аз болои ҳамлагарон ба писараш ба ин ниҳод шикоят бурдааст, вале бо гузашти беш аз 25 рӯз ҳанӯз посух нагирифтааст.

Абдурасул Сатторов, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, падари Абдумалики Абдурасул қаблан ба «Озодагон» иброз намуда буд, ки рӯзи 24 октябр шаш тан аз кормандони яке аз комиссариати ҳарбии Душанбе, дар наздикии масҷиди маъруф ба “Мехкалон” ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” писарашро шадидан зери зарбу шатта қарор додаанд. Худи Абдумалики Абдурасул, баъд аз латту кӯбаш қайд намуд, дар роҳ ба сӯи маҳалли кораш бо кормандони комиссариати ҳарбӣ рӯбарӯ шуд ва онҳо бидуни шиносоӣ ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, хостаанд, ба микроавтобуси навъи “Старекс” иҷборан савор кунанд.

Вале ҳангоми пурсидани ӯ, ки “Шумо кӣ ҳастеду маро куҷо бурданиед”, шадидан мавриди латту кӯб аз сӯи эшон қарор гирифтааст: «Ҳангоме ки роҳгузарон ва шоҳидони ҳодиса мехостанд, ӯро аз зери шаттаи кормандони комиссариат наҷот диҳанд, онҳо ба роҳгузарон гуфтаанд, ки наздик нашавед, ин ҷавон дузд ҳасту мо ӯро дастгир кардаем».

Ин ҷавони маъюби тоҷик мегӯяд, дар қазияи латту кӯбаш аз сӯи кормандони комиссариат тақрибан 300 доллар ва зиёда аз 200 сомонии ӯ аз ҷайбаш ғайб задааст.



Мӯҳр
Хайфм хамин хел коргархо .... наход то ин дарача давлат бесохиб бошад ки касе чи кори гайри конуние хохад мекунад.. ва аз он коргархое ки кор мекунан хохиш мекунем дар паи фарзанди дигар инсонхо фазанди худашонро монанд ё лату куб кунанд .. эй худои бузург инхел инсохоро як бор худат чазошона те хайфи умри одамизод дар назди хамнхел нокасхо :рецоурсе: :рецоурсе: :рецоурсе:
[

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)