Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

Муфтӣ дар Конфронси "Эҳёи исломӣ" иштирок намекунад

20 ноябр 2013, 17:32

Дар шаҳри Бишкек Конфронси байналмилалии “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Камил Маликов, яке аз ташаббускорони ин конфронс, ин ҳамоиш рӯзи 24 ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуда, дар он тарҳи сулҳи пойдор дар партави омӯзишҳои исломӣ ва роҳҳои мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ баррасӣ мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ба конфронси мазкур намояндагони баландпояи исломӣ ва коршиносон аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия, Покистон Афғонистон даъват шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз қабулгоҳи раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз баргузории чунин як конфронс хабар надоранд ва намедонанд, дар ин ҳамоиш ҷониби Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад.

Баргузоркунандагони конфронси “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” мегӯянд, ҳадаф аз барпо намудани ин ҳамоиш, иттиҳод ва кӯмак ба якдигар барои ғолиб омадан ба буҳрони идеологӣ, маънавӣ, иҷтимоию сиёсии ҷомеаи исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳифзи сулҳу суботи минтақа мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухаммад

  • 20 ноябр 2013 18:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои иштирок дар ин Конфронс илму маърифат доштан даркон.
Посух додан
  • said

  • 20 ноябр 2013 21:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom i saidmukaram ham dar nazdi alloh sharmanda hast ham dar nazdi banda
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
mufti ba istefo ravad-mo tojikon xalk mexohem hoji mirzo muftii tojikiston shavad.ham javon va bosavod ast.janobi oli iltimos hamin kora kuned dar in dunyovu oxirat burd mekuned.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон ашхосе босаводе, ки тавонанд дар чунин конфронсхо иштирок ва баромад кунанд, вучуд надорад. Ин аст, ки тасмими ширкат наварзидани эшон дурусттар аст.
Яке агар агар раванду муллохои давлати мо чун "писати бемагз" моро шарманда кунанд, дигар хама ба мусалмон будани мо шак мекунанд.
Посух додан
  • Точик

  • 22 ноябр 2013 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз сабаби даъват нашуданаш иштирок намекунад. Бародарони сайти Озодагон сарлавхаро чунон навиштаанд ки гуе даъват шудаасту иштирок намекунад. Аз Точикистон чаноби Турачонзода ва мулло Абдулло Мукаммилов даъват шуда хастанд. Аммо намедонам ки ин даъватшудагон мераванд е не???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин хел Конфронсхои Исломи, ва дар мобайни намояндагони чанд давлатхои пешрафта, иродаву акидаи хаминзамона лозим аст.Домло Ходжи Эшон Хабибулохон хам кифоя буд.
Посух додан
  • Субхон

  • 26 ноябр 2013 15:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин конфронс чои мунофикон нест

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!