Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:56

ВИДЕО: Ҷабраилхӯҷаи 9-соларо наҷот диҳед!

23 ноябр 2013, 10:02

Волидони Ҷабраилхӯҷаи 9-сола, ки 5 сол боз аз дарди гурда азият мекашад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки дар наҷоти ҷигарбандашон ба онҳо кӯмак кунанд.

Зарина Сангова, модари Ҷабраилхӯҷаи Қурбонхӯҷа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш 5 сол боз бемории гурда дошта, тамоми аъзои баданаш, махсусан узвҳои таносулаш варам мекунанд.

Модари Ҷабраилхӯҷа афзуд, ки табибон барои шифо ёфтани фарзандаш, ба ӯ тавсия додаанд, то ӯро ҳар чӣ зудтар ба хориҷи кишвар барад, зеро дар Тоҷикистон табобаташ ғайриимкон аст. Аммо модари Ҷабраилхуҷа мегӯяд, барои табобати писараш дар берун аз Тоҷикистон шароит надораду ҳайрон шудааст, ки чӣ кор кунад.

Зарина Сангова мегӯяд, доруҳое, ки барои шифо ёфтани фарзандаш ва паст кардани варами бадани ӯ мехаранд аз 80 то 450 долларро ташкил намуда, баъзе доруҳояшро аз Эрону Русия меоранд. Модари Ҷабраилхӯҷа хонанишин, соҳиби 4 фарзанд буда, дар оила танҳо падари хонавода кор мекунад ва тамоми маблағи дарёфткардааш барои табобати рӯзмарраи фарзанд равона мешаваду халос.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин хонавода, танҳо табибони олмонӣ кафолати табобати фарзандашонро дода, арзиши табобатро 65 ҳазор евро гуфтаанд. Волидони Ҷабраилхӯҷа аз ҳамаи сокиноне, ки тавони кӯмак дар наҷоти ҷигарбандашонро доранд, хоҳиш доранд, ки бетараф набошанд. Нафароне, ки хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд тариқи рақамҳои 918 54 53 73 бо модари Ҷабраилхӯҷа дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд:

ВИДЕО: Ҷабраилхӯҷаи 9-соларо наҷот диҳед!


Худи Ҷабраилхӯҷа ҳолашро дар суҳбат бо “Озодагон” чунин шарҳ дод:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • SALAM

  • 23 ноябр 2013 11:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хохишмандам, агар суратхисоб дошта бошанд, онро руи чоп меовардед.
Посух додан
  • Шарифчон

  • 23 ноябр 2013 19:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд мушкили ин хонаводаро хар чи зудтар осон кунад ва ин додари моро Аллох аз хазонаи гайбаш як шифои очилу комил насиб кунад. OМИН
Посух додан
  • Рустам Наботи

  • 23 ноябр 2013 21:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз даргохи Яздони пок шифои комили ин додари азизро талабгорем.
Аз дустони хабарнигор хохиш мекунем, суратхисоби бонкиро ба мо муаррифи намоянд, то ба кадри тавон кумак намоем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар қиёмат дастгирашон мешавад
Посух додан
  • Tolik

  • 24 ноябр 2013 02:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованди бахшандаву мехрубон шифои комили тияд ба ин кудак. Аз Хукумати Точикистон хохиш менамоем, ки барои халли чунин мушкилоти оилавии шахвандонаш аз бучаи давлат як фонди махсус кушода шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин суратхисоби кушодашуда барои кумак ба Чабраилхуча аст:

Bank correspondent:
SWIFT: COBADEFF
ACCOUNT: 40886559400 USD
COMMERZBANK AG
FRANKFURT AM MAIN
GERMANY
---
Bank beneficiary:
SWIFT: ASSETJ22
STATE SAVING BANK OF TAJIKISTAN “AMONATBONK”
24, Lohuti str., Dushanbe, Tajikistan
---
ACCOUNT: 20218840999901101000
Recipient: Sangova Zarina Jonmahmadovna
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар илочаш бошад то мумкин аст.ки пул через wester union рои кунем.ва ба номи ки рои кунем ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
assalamou aleykum! ba fikri man xub meshud agar shumo ilova bar in ba vositai firistodani mablag ba vosiati sms ro ham imkon pazir mekarded kor zudtar meshud ham bisyoriho namedonand 4iguna mablag guzorand 4erez rekvizit ham izo mekashand mablagi kam ro biguzorand dar bonk agar ba vositai sms in korro karda shavad xohishmandon shoyad ki bisyor shavad

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!