Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Базми шеъри Бозор Собир дар зодгоҳаш – Файзобод

29 ноябр 2013, 09:10

Бозор Собир, шоири маъруф, ки моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Душанбе омадааст, 29 ноябр дар Файзобод бо алоқамандони шеъраш мулоқот мекунад. Бино ба иттилои як манбаъ, ин вохӯрӣ баъд аз зуҳр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод баргузор хоҳад шуд.

Ахиран, аз ҷашни 75 солагии Бозор Собир дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе таҷлил шуд, ки қарор аст шоми шанбеи 30 ноябр аз тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шавад. Аз ин пеш, телевизонҳои Тоҷикистон вохӯрӣ ва маҳфили шеъри ӯ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи оби Роғунро намоиш дода буданд.

Бозор Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Ӯ нафаре дониста мешуд, ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 29 ноябр 2013 09:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бас кунед дар бораи хамин маълумот додан. Мардумро асаби накунед.
Посух додан
  • б

  • 29 ноябр 2013 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ватанфурущ бо Сар карда истодааст чангковия . Мон хамин мардум осуда зиндаги кунанд.Бе шеърои беммънии ту хам мардуми Файзобод зиндаги мекунанд.
Посух додан
  • Шерали

  • 29 ноябр 2013 13:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозора чояш бозор.
Посух додан
  • Банда

  • 29 ноябр 2013 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор агар дилаш сузад,ба ятимон кумаки молию пули мерасонад!вале афсус худаш кумак талаб мекунад.
Посух додан
  • Хайдуло

  • 29 ноябр 2013 17:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо кучову Устод Бозор Собир кучо. Ба диди ман аз адибони Точикистон дар нисбати Б. Собир хакки назарнависиро М. Каноат, шоира Гулрухсор, М. Бахти ва сардабири Озодагон З. Суфи доранд. Хатто шогирдаш Н. Косим ин хакро...
Посух додан
  • зурик

  • 29 ноябр 2013 21:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор девонагари дорад гуфт каноат
Посух додан
  • bijan

  • 1 декабр 2013 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШОИРИ ХУБ АММО ПРИНСИП НАДОРАД . УРО ДУСТ ДОШТАМ , АММО РОХИ МАДХРО ПЕШ ГИРИФТУ КИМАТИ БЕБАХОЯШРО ХЕЛЕ АРЗОН КАРД ! Хамон бозори грузчик писандам буд , на Бозори маддох !!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!