Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Хитоби Авфи Байналмилал ба Эмомалӣ Раҳмон ва Шерхон Салимзода

29 ноябр 2013, 09:59

Созмони Авфи Байналмилал ё Амнести Интернешнл рӯзи 29 ноябр бо пахши изҳороте аз шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев -- сокини ноҳияи Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ, нигаронӣ кардааст.

Ин созмон бо такя ба манобеи худ мегӯяд, Умедҷон Тоҷиев худсарона боздошт шуда, таҳти фишору шиканҷа қарор дорад ва шароити муолиҷа барояш муҳайё нест. Инчунин, дар изҳороти ин созмон аз маҳдуд будани дастрасии наздикону вакилони мудофеъ ба Тоҷиев изҳори нигаронӣ шудааст.

Авфи Байналмилал мегӯяд, Тоҷиеви 34-сола, ки ба хоҷагидорӣ машғул буд, 30 октябри соли ҷорӣ, аввал бо иттиҳоми маъмурӣ боздошт шуда, баъдан ӯро водор кардаанд, худро “террорист” эътироф кунад. “Аз 30 октябр то 2 ноябр чанд маъмури пулис, аз ҷумла ноиби сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исфара ба сари Тоҷиев халта кашида, ӯро давоми чанд рӯз бе хоб, об ва ғизо гузоштаанду мавриди шиканҷа қарор додаанд. Барои он ки осори шиканҷа боқӣ намонад, аз латтаи тар истифода карда, Тоҷиевро мавриди таъсири шиддати барқ қарор додаанд”,-омадааст дар изҳороти Амнести Интернешнл.

Дар изҳороти ин созмон гуфта шудааст, дар пайи ин ҳама фишор Тоҷиев фурсат ёфта, худро аз ошёнаи севум партофтааст. Авфи Байналмилал аз суханҳои Умедҷон Тоҷиев дар ин бора иқтибос овардааст: “Ман одами диндорам ва медонам, худкушӣ гуноҳи азим аст. Лекин илоҷи дигар надоштам, медонистам, дар ин ҷо касе ба додам намерасад. Хостам, диққати ҷомеаро ҷалб кунам. Ин як шакли эътироз буд. Он ҷо маҷбур будам, ҳар чизеро, ки маъмурин мехостанд, ба дӯш бигирам.”

Дар ҳамин ҳол, Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, Тоҷиев ҷароҳати вазнин бардошта, вале дар беморхона табобати зарурӣ нагирифта дубора ба боздоштгоҳ интиқол дода шудааст. Ин созмон аз дастрасии маҳдуди наздикону вакилони дифоъ ва шароити номусоиди табобати Тоҷиев изҳори нигаронӣ намуда, дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода – додситони кулли кишвар изҳор медорад, ки чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистон бисёр сар мезананд. Авфи Байналмилал аз мақомоти тоҷик ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб дорад, чунин қазияҳоро пайгирӣ кунанду барои баррасии мунсифона ва муҷозоти муҷримон мусоидат намоянд.

Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара ва узви ҲНИТ, 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Emomali Rahmon va Sherkhon Salimzoda parvo nadoran. in kheli korhora... Behtarash Amnisty International ba mardum murojihat kuna
Посух додан
  • хнит

  • 29 ноябр 2013 11:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабири мебоист дар пеши дарвозаи махбасхонахои Хучанд гуруснанишини мекард. Дар ин кишвар аз гуруснаги муриям касе ба додат намерасид. Ин вокеъият аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Avfi Baynalmilal guyo boboyi tamomi tojikstoniyon boshad. AB tu naqzi huquqi inson dar Suriya,Misr, Afgoniston, Iroq, Falastin, ki bo dasti khojagoni shumo rukh doda istodaast namebini? Va inham naqshahoi demokratikunonii shumost ki onhoro ba in hol ovardaast. Aknun mekhohed hamon zayl demartyaatonro dar mo jori kuned? Avfi baynalmilal ne JOSUSI BAYNALMILA. Man ilhtisor karda navistam to ki hop shavad . OZODAGON OZOD ...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!