Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:30

Рустами Эмомалиро барои соли 2020 омода мекунанд?

6 декабр 2013, 11:53

Ба мақоми раиси Хадамоти гумрук таъин шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, баҳсу гумонҳоеро дар бораи ояндаи ӯ ба вуҷуд овардааст. Бисёриҳо ҳадс мезананд, Эмомалӣ Раҳмон писари калонияшро ба ҷои худ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ омода мекунад ва қадам ба қадам боло рафтани ӯ гувоҳи ин аст. “Озодагон” ин мавзӯъро бо коршиносон дар миён гузошт ва ин посухҳоро гирифт:


Иззат АМОН, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Русия:
“Оне, ки раисиҷумҳур фарзанди худро раҳбари як ниҳоди калидии кишвар, ки тақдири буҷаи мамлакат аз он вобастагӣ дорад таъин кардааст, мухолифи қонунҳои қабулшудаи Тоҷикистон мебошад. Дар ҳолати поймол кардани қонун Рустами Эмомалӣ шонсе барои раисҷумҳур шудан надорад ва ман низ дар ин сурат ҳеч гоҳ овозамро ба ӯ нахоҳам дод.”

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос:
“Бо кумаки баъзе аз сохторҳои ҳукуматӣ метавонанд ӯро ба сари кор оранд. Ин ки мардум ӯро хуш қабул хоҳанд кард, ё на вобаста аз он аст, ки дар он сол вазъияти иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор мегирад. Агар сатҳи зиндагии мардум хуб шавад, ин кор имкон дорад. Аммо агар бӯҳрони ҳозира боқӣ бимонад, мардум инро қабул нахоҳанд кард.”

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА, сардабири “Наҷот”:
“Албатта, ҳар гуна таҳавулот ва тасмигириҳоеро дар низоми давлатдории элитаи феълӣ интизор шудан мумкин аст. Вале Рустами Эмомалӣ ба ҳеч сурат Эмомалии Раҳмон буда наметавонад. Вақт дигару суръати зиндагӣ дигар аст. Ӯ танҳо дар як ҳолат метавонад ҷойгузини падар бошад, он ҳам дар заминаи тасмими шахсии падар ва дигар кардани банди Конститсияи Тоҷикистон оид ба интихоби шахс ба мақоми президентӣ. Дар ҳама сурат дигар Рустами Эмомалӣ ба чунин симмат шарафёб гаштанаш ғайриимкон аст. Аслан шахс бовар карда ҳам наметавонад, ки ӯ дониши қобили мулоҳизае дорад, ё хайр, агарчи барои Тоҷикистони имрӯза дониш ҳам кадом арзише надорад.”

Файзиннисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқдон:
“Аслан пешгӯӣ кардан кори хуб нест. Баъдан, тибқи Қонуни асосӣ дар соли 2020 синну соли Рустами Эмомалӣ барои пешбарии номзадӣ ба мақоми президент рост намеояд, чун ӯ ба синни 35-солагӣ намерасад. Ҳамчунин, то соли 2020 ҳоло дар пеш 7 сол аст, ки овоз додан ва ё надодан танҳо аз вазъи сиёсию иқтисодӣ ва натиҷаҳои ба дастовардаи ҳукумати кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Яъне, ин маънои онро дорад, ки баъд аз 7 сол мебинем, то чи андоза вазъи мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад ва оё номзад сазовори раъй додан аст, ё на.”

Умед ҶАЙҲОНӢ, коршинос:
“Аз ин ки раисҷумҳури Тоҷикистон писарашро гом ба гом ба маснади раёсат наздиктар мекунад, метавон гумон бурд, ки моил аст ӯро ҷонишинаш кунад. Бе раъйи ман ҳам раисаш мемонанд, вале набояд ба ин иҷоза дод. Ҳарчанд Ҳайдар Алиев низ писарашро бо ҳамин роҳ ба раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон расонд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фыв

  • 6 декабр 2013 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин бояд сроки охирини оилаи Рахмонхо бошад. Акнун бояд касе ояд, ки хакикатан мушкилоти мардумро хал кунад.
Посух додан
  • Чахонгир

  • 6 декабр 2013 12:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехуда нагуен насиб чизе бошад мебинем,,,,,,,,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пешгуии ман чунин аст: Солхои 2015-2016 бо пешниходи ХХДТ ва дастгирии вакилони "мардуми"-и парулумон дар Конун дар бораи интихобот тагйирот ворид карда шуда, синни интихоботи президент аз 32 солаги муайян карда мешавад. Шояд ин вариант тарики раъйпурсии умуми хам сурат гирад. Баъди он хатман Рустами Эмомоли намзадиашро мемонад ва бо гирифтани 80 дар сади овозхо тарики интихоботи "шаффофу демократи" президент мешавад.
Посух додан
  • Акбар

  • 6 декабр 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи Рустам дар оянда Президент нашавад? Барои Президент шуданаш 7 сол дар пеш дорад. Дар ин муддат у имконияти хам нишон додани махорати худро дорад ва хам метавонад барои идора кардани курсии Президенти худро омода намояд. Барои ин кор танхо бояд ба Сарконуни давлат таъгирот даровард, ки ман шахсан зид нестам. Бигузор синну соли Президент шуданро кам намоянд. Иншооллох, ки дар кабати у барои ободии кишвари азизамон камари химмат мебандем. Ба Рустам мувафакиятхо хохонам.
Посух додан
  • Ромеш

  • 6 декабр 2013 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зиннат Амонаш хамоне, ки дар кинои Алибобо "Хатуба"-ро мехонад, хамон-ми?
Озодагон хохиш чоп карда фахмонед.
Посух додан
  • Р

  • 6 декабр 2013 15:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамааш да дсти хдмонай. Бху бгард
Посух додан
  • safar

  • 6 декабр 2013 16:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bonang bowad va dar hizmati halku vatan bowad tanho manfiati hudiro fikr nakunad ...zero milat umed ba onho dorad noumed nakuned mardumro
Посух додан
  • Бовар

  • 6 декабр 2013 16:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Р,
Ба Бху бгард: Танхо говхо, яъне чорпоён дар банди бху бгарданд ва ба чуз шикамчарони парвои дигар коре надоранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Aгар Рустам ва рустамхо тавонанд худро дар кор нишон дода ба бовирии халк дароянд ва аз хама асоси сатхи зиндагии мардумро баланд бардошта тавонанд...ва..ва...БИГЗОР ЧУНИН РУСТАМ ВА ПИСАРИ ЧУНИН РУСТАМХО ХАМ ПРЕЗИДЕНТИ ОЯНДА ВА ОЯНДАГОН БОШАНД!!!!!!
Посух додан
  • Р

  • 6 декабр 2013 23:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар,
бо гуфтахоят мувофикам. Навиштаи ман киноя буд.
Посух додан
  • tojik

  • 6 декабр 2013 23:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ромеш,
xaxaxa-az xandara kushtim romeshjanaaa xaxaxaxaxa.amuaiiii.

to 7-sol-xudo podshoh eiii badonu hasudxuron tarsided???
Посух додан
  • Зоиршо

  • 16 декабр 2013 14:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАН БА РУСТАМИ ЭМОМАЛИ ТАРАФДОР МЕБОШАМ ЧУНКИ У ПИСАРИ МУХТАР ПРЕЗИДЕНТАМОН МЕБОШАД МО БОЯД ПРЕЗИДЕНТАМОНРО ХУРМАТУ ЭХТИРОМ КУНЕМ ЧУНКИ У АЗ НОМИ МО МИЛЛАТИ ТОЧИК ДАР АРСАИ ЧАХОН БАРОМАД МЕКУНАД ВА БАРОИ ОБОДИЮ ПЕШРАВИИ ТОЧИКИСТОН КОРХОИ ЗИЁДЕ КАРДААСТ. МО БОЯД НАНГУ НОМУСИ МИЛЛИ ДОШТА БОШЕМ БИГУЗОР РУСТАМИ ЭМОМАЛИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД ПУШТАШ СЕРУ ПУР ХАСТ ЯГОН ГИШНАИ ДИГА ШАВА ТОЧИКУ ТОЧИКИСТОН НОБУД МЕШАВА.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!