Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:43

Нигаронии Эштон аз нақзи рӯзафзуни ҳуқуқи инсон

10 декабр 2013, 17:50

Кетрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо, бо пахши як иттилоия ба муносибати 10-уми декабр, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, гуфтааст, ки ҳамеша талоши онро дорад, ки мушкили демократия ва ҳуқуқи инсон ҳалли худро пайдо кунанд.

Ба гуфтаи хонум Эштон, Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз соле қабл бо ин мазмун барномаи стратегӣ, нақшаи чорабиниҳо ва қавонини ҷадидро дар бахши озодии дину мазҳаб қабул кардааст. Кетрин Эштон дар изҳороти худ ҳамчунин гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои барҳам додани ҳукми қатл дар тамоми ҷаҳон ҳамоно мубориза хоҳад бурд: “Иттиҳоди Аврупо фаъолияти худро барои ҳифзу эҳтироми ҳуқуқи башар идома хоҳад дод. Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз афзоиши сатҳи таҳдид, хушунат ва маҳдудияти озодии расонаҳо нигарон аст”.

Кетрин Эштон гуфтааст, ки расонаҳои хабарӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун муҳофизи ҳуқуқи инсон баромад мекунанд. Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ин Иттиҳод ҳамаи азиятдидаҳои ҳуқуқи инсонро дар хотир хоҳад дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!