Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

Нигаронии Хоманаӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ ба забони форсӣ

11 декабр 2013, 17:10

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аз бетаваҷҷуҳӣ ба забони форсӣ ва зери таъсири вожа ва ибораҳои бегона қарор гирифтани он нигаронӣ кардааст. Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 10 декабр дар мулоқот бо раис ва аъзои Шӯрои олии инқилоби фарҳангии кишвараш гуфтааст, корбурди ном ва таъбирҳои бегона дар ҳоли афзоиш буда, ҳатто дар масоили марбут ба кӯдакону наврасон низ дида мешавад.

Ба гуфтаи Хоманаӣ, мардуми Эрон дар ҳоле аз вожа ва истилоҳоти забонҳои бегона истифода мебаранд, ки муодили онҳо дар забони форсӣ дида мешавад: “Кор то ҷое расидааст, ки мардум аз истифода накардани таъбирҳои забони фарангӣ эҳсоси хиҷолат мекунанд.”

Ин мақоми эронӣ хостори муборизаи ҳакимонаи Шӯрои инқилоби фарҳангии кишвараш бо ин раванд шуда, таъкид кардааст, барои тақвияту густариш ва таҳким бахшидани забони форсӣ дар ҳамагуна заминаҳо талош карда шавад. Инчунин, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ин вохӯрии худ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии мардуми кишвараш дахл карда, хостори мубориза бо мавридҳои таҳоҷуми фарҳангҳои бегона шудааст ва дар ин замина нақши садову симо ва Вазорати фарҳанг ва иршоди кишварашро калидӣ хондааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Вазорати иршоди Эрон тавсия додааст, ки нашри китоб, тарҷумаи китобҳои муфид, тавлиди филмҳои синамоии ҷаззоб бо такя бар зарфиятҳои болои сохти филм ва тавлиди бозиҳои компютерии муфид ва ҷаззобро бештар дар дастури кори худ қарор диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • salam

  • 12 декабр 2013 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hazor ofarin!
Посух додан
  • Refo

  • 13 декабр 2013 08:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар эшон як бор ба Точикистон оянд ба сактаи дил гирифтор мегарданд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин суханони рахбар, сабаби гароиши бештари мардум ба вожахои бегона мешаиад, чун ерониён аз хукумати худ безоранду хар чи рахбар бигуяд, халофашро дуруст меангоранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!