Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:25

Даъвати Раҳмон аз ширкатҳо: Сайёҳонро ба Тоҷикистон бештар ҷалб кунед

13 декабр 2013, 14:03

Дар ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ ва рушди бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин ҷаласа рӯзи ҷумъаи 13 декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар пайи шунидани гузоришҳои масъулини ҳукумат, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда, дастуру супоришҳо додааст. Ба қавли манбаъ, раисиҷумҳур аз ҷумла ба имконоти кишвар дар бахши сайёҳӣ дахл карда, таъкид намудааст, ки соли 2011 ҳиссаи бахши сайёҳӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ 6,5 триллион доллар ё 9,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти умумиро ташкил дода, даромади бахши сайёҳӣ дар муддати 10 сол ба андозаи 116 фоиз афзудааст: “Ба ҳисоби миёна ҳар як доллари дар бахши сайёҳӣ сарфшуда ба соҳаҳои дигари алоқаманд се доллари иловагӣ фоида оварда, инчунин аз ҳар як доллари дар бахши сайёҳӣ харҷшуда 91 сенти он дар иқтисоди ватанӣ боқӣ мемонад.”

Бо зикри ин, оқои Раҳмон таъкид намудааст, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бояд на танҳо барои фиристодани сайёҳон ба хориҷи кишвар машғул бошанд, балки бештар сайёҳонро ба Тоҷикистон даъват намоянд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои ҳукуматиро барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ пешниҳод намояд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар хотима Шӯрои машваратии беҳсозии фазои сармоягузориро “таъмингари муколамаи озоди миёни давлат ва бахши хусусӣ” номида, ба масъулин дастур додааст, доир ба ҳавасмандсозии соҳибкорону сармоягузорон дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон чораҳои бештар андешанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • millat

  • 13 декабр 2013 20:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачабо! Инхо барои чалби мардуми бегона мачлис ва чорабинихо меандешанд. оё дар фикри овардан ,ва чои кор омода намудан ба шахрвандоне, ки дар Русия 3иёда аз 1млн. Хастан меандешида бошанд? То хол нашунидаам, ки бо ин хама мушкилие, ки мухочирон дучори он мешаванд хукмати давлат ягон мачлис ё чорае андешида бошад.
Посух додан
  • саех

  • 14 декабр 2013 00:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар хоб дида бошанд. Аз худи безору ба бегонагон зор.
Посух додан
  • tojik

  • 14 декабр 2013 09:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xujandiho sayohonro ba uzbakiston mebarand.pomiriho sayohonro ba pomir.korgaroni in kumita kihoyand?magar hisor-rashtu baxshu kulob joi sayohi nest?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дируз се нафар чавон назди ман омаданд ва шикоят намуданд, ки мо мехстем як ширкати саёхи ташкил кунем ва барои рущди кишвар сахмгузор бшем.тамоми хучатхоро тахт кардем, аммо се нафар омаданду гуфтанд, ки бояд хар мох 600 доллар супоред ба мо!! ба даст не тарики бонк!!! ба саволи мо ки чаро бояд ин кадар маблаг супорем, чавоб доданд, ки хаминтавр, хохед кор кунед бояд ин маблагро супоред!!! хайрон шудем. акнун мачбурем Точикистонро тарк кунем, чунки имкони кори халол карданро намедиханд ва хам худашон аз дасташон коре намеояд ба чуз муфтхури ва долябанди!!моро ва мисли мо хазорхо нафари дигарро мачбур мекунанд Ватанро тарк намоем!!! ба ки мурочиат кунем!!!!!!!!!!!!????????????????????

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!