Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:40

Даъвати муфтӣ: "Аз мазҳаби Имоми Аъзам берун наравед"

13 декабр 2013, 16:09

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, аз баҳс ва бардоштани масоили ихтилофи мазҳабӣ миёни мардум худдорӣ варзанд.

Абдулқодирзода, рӯзи 13 декабр зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, паҳн кардани бархе аз масоили ихтилофоти мазҳабӣ миёни омма хиёнат ба дини Ислому миллат ва давлат мебошад.

Ӯ гуфт, мо бояд, аз бардоштани баъзе аз масъалаҳои ихтилофӣ, ки зиёда аз ҳазор сол аст, вуҷуд доранд ва касе натавонистааст, ин ихтилофотро то ҳол аз байн барад, даст кашем, то миёни мардуми мусулмон низоъ эҷод нашавад.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои Маркази исломии кишвар, мардуми тоҷик зиёда аз ҳазор сол мешавад, пайравӣ аз мазҳаби Имом Абуҳанифа дошта, набояд аз он пой берун ниҳанд: “Имом Абуҳанифа, ки мо тоҷикон беш аз ҳазор сол боз пайравӣ аз мазҳаби ӯ дорем, ягон суханеро дур аз оятҳои Қуръону ҳадисҳои паёмбар (с) нагуфтааст. Пас мо барои чӣ ин роҳи ҳақро тарк ва пайравӣ аз мазҳабҳои дигари бегонаву тундрав кунем, ки ҳамеша миёни мардум душманиро мехоҳанд.”

Сайидмукаррами Абдулқодирзода аз намозгузорон даъват кард, ба гуфтаҳои пайравони дигар мазоҳиб дар бораи мазҳаби Имом Абуҳанифа гӯш надиҳанд, чун Имоми Аъзам яке аз афроди наздиктарин ба замони паёмбар буда, муассис ва ба чаҳорчӯба даровардани фиқҳи Ислом ба шумор меравад: “Ҳар касе ки мегӯяд, ин ривоят ё ҳадиси овардашуда дар мазҳаби Имом Абуҳанифа заиф ҳаст, бовар накунед, чун ӯ худ заифу нотавон аст.”

Инчунин раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон ба масоили таблиғоти мазҳабӣ низ дахл карда, таъкид намуд, ки дахолат кардани як мазҳаб дар байни пайравони мазҳаби дигар қатъиян аз нигоҳи Ислом ҳаром мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл муфтиёти кишварҳои исломӣ дар пайи як конфронс дар ин бора қарор қабул кардаанд, ки дахолати як мазҳаб дар байни мазҳаби дигарро манъ мекунад.

Ин даъвати Абдулқодирзода дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар муқаддимаи Қонуни нави дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”

Гузашта аз ин, борҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро ба унвони мазҳаби таҳаммулпазир муаррифӣ карда, пайравӣ аз онро таъкид доштааст. Ин аст, ки соли 2009 давлати Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, таҷлил кард.

Инчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар низ, ки 4 июли соли ҷорӣ дар “Кохи Ваҳдат” баргузор шуд, аз раисиҷумҳури кишвар дархост шуд то низоми яккамазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳифз карда шавад.

Мақомот мегӯянд, навад дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон ва аксари онҳо пайрави мазҳаби ҳанафиянд. Дар баробари онҳо пайравони мазҳаби Исмоилия низ кору зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба таблиғи мазҳаби ҳанафӣ бештар пардохт, ки пайравони Салафия, як равияи тозапайдои аҳли суннат ва ҷамоат дар оғози солҳои 2000 ба майдон омада, бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ вориди баҳс шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 13 декабр 2013 17:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар хамаи масчидхо хамин як мавзуъ буд чи?
Посух додан
  • safo

  • 13 декабр 2013 18:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
maqomot meguyad ziyod az 90% musalmonand lokin farzandoni moro namemonand namoz xonand dar masjid ajab daavoi sharmona......
Посух додан
  • Фаридун

  • 13 декабр 2013 19:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хап ку шин
Посух додан
  • ислом.70mail.ru

  • 13 декабр 2013 22:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хазрат ба фикрам пай бурд ки хукумат салафи буданашро пайхас кард дар паи худро сафед кардан даромад.Домулло рохбарият ва халкро фиреб медихи Он зоти покро наметавон фиреб дод Худо бо халк аст на бо муфтию домулову эшон. Аз пушти шумо козии мухтарам ватани азизамонро алафии бисере зер кард иншооллох кадом шахсе ки дар паи нооромии ватан аст дар газаби Худо гирифтор мешавад.Худо нигахбони ватану миллати точикистонихо бошад Омин.
Посух додан
  • м

  • 14 декабр 2013 00:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардак шарм намекадабоша ? Вакте ки сатра манъ кадан бнг нагуфт ..масчидравия манъ кадан бнг нагуфт..гапе ки дар корай намега !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чарон берун наравем, Шумо аз баҷои шукри Аллоҳ шикри раисиҷумҳур мегуед. Аз Параврдигор битарсед!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости муфти гапеки лозим аст нмегаду гапе ки нолозим аст гап мезанад.Масалан худи ман мазхаби Имом Абуханифа(р) нагз медонам ва эътироф мекунам ва алхамдулилох худам дар хамин мазхаб хастам.Касе ки ихтилоф мега худаш ихтилоф ечод мекнад дар чомеа бас аст охир ин бемаъниарихо.Дар кучахои шахр зино ошкор шидай муфти ап намезанаду кимчихел гапо мега мардум медонад пояшро дар кчо монад охир кур як бор дар чох мегалтад дуюмбор соп-соп мекунад.Худо кишвари мора аз ин хам зеботару ободтар гардонад.Омин.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МО МЕХОХЕМ ХАМА ,ВАКТ ДАР МАХЗАБИ ЭМОМИ АЗАМ БОШЕМ.МУФТИ БА САВОЛ ЧАВОБ ГУЕД. ДАР МАХЗАБИ ЭМОМИ АЗАМ БА ХОНАИ ХУДО РАФТАН АЗ РУИ СИНУ СОЛ ХАСТ Ё НЕ? АГАР АЗ РУИ СИНУ СОЛ БОШАД МО МАЧБУРЕМ,КИ ФАРЗАНДОМОНРО ТО БА СИНИ СОЛИ , МУАЯН РАСИДАН БА КАЛИСО Ё БА БУДХОНА БАРЕМ.ХАМИН,КИ ФАРЗАНДОМОН БА 18-РАСИДАНД ,БОЗ БА МАЗХАБИ ЭМОМИ АЗАМ БАРГАРДОНЕМ. ШУМО МУФТИ БОЯД МОРО ,ФАХМЕД БЕ ДИН БУДАН ,ВА ХУДОРО ,НАШИНОХТАН ГУНОХИ АЗИМ АСТ.ШУМО,КИ БО ФАРМОНАТОН НАМОНЕД ХУДОШИНОС БОШАНД МО МАЧБУРЕМ,ИН КОРО ПЕШ ГИРЕМ.АСТАФРУЛЛОХ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум ба ин дину мазхаб часпида мондетон як бор зиндагии шоиста маоши хуб барку гарми гуед чи мешад ба хамин дину мазхабхо хамаро безор кардедтон Дар чахон гайр аз мусулмонон хама барои зиндагии хуб талош мекунанд умри инсон кутох агар худо кунад 60-70 сол умр мебинед хамааш бахсу хархашаи дину мазхаб о мардуми мусулмонам хаки тамоми нематхои ин дунеро дорад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
behtarash sayd mukaram tu sukut karda beshin chun tu agar yak zara imon midoshti vaqte ki satr ro man kardan tu be in ijoze namidodi vaqte ki qonun darborai javonon to 18 saloa be masjid raftan man shud tu un ruz az vazifaat dast mikashidi amo
Посух додан
  • ввп

  • 16 декабр 2013 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
неке суратда фасон омадайи
Посух додан
  • imomudin

  • 22 январ 2014 18:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Dustoni aziz khudovand mebakhshad laghshishhoi bandagonashro biyoyand avalan domlohoi azizamon sui tafohum. va fikri oyandai islomro dar vatani azizamon imruz baroi mo in 1darsest chi guna musalmonhoro istifoda mebarand .in ikhtilofhoro guzoremu sari tarbiyai oyandai farzandonro kunem man hamchun 1dust az 5yo 6 olime qimatashon mondast khohish mekunam va chun masulyatashon ziyotar hast bo ham sui tafohum oyand man dusti shumo haminro guftani ham ki dar vatani mo na salafi na vahobi na tahriri hast inho h gapastan har kase haqiqatro mekhohad un baradar yo salafi meshavad yo vahobi yo tahriri duo mekunem ki khudovand olimoni vatani azizamonro sui tafohum hidoyat kunad to mardumi musalmoni tojik poband ba ahkomi shariat boshan .

shamsiddin,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!