Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Карон ё Кумед? Баҳсҳо дар бораи як шаҳри қадимӣ дар Дарвоз

16 декабр 2013, 17:00

Як муаррихи тоҷик иддао дорад, шаҳри қадимии ёфтшуда дар Дарвоз Карон нест. Ғолиб Ғоибов дар матлабе, ки рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” чоп кардааст, мегӯяд, “таҳқиқот ва сарчашмаҳо бешубҳа ба он далолат мекунанд, ки шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо кардаанд, на Карон, балки шаҳри Кумед ва маркази вилояти таърихии Кумед мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан як гуруҳи бостоншиносон бо шумули профессор Юсуфшоҳ Яъқубов аз пайдоиши шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвоз хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо таърихи наздик ба чорҳазорсола дорад. Карон дар масоҳати 32 гектар, то асри 15 макони зисти шоҳони Дарвоз будааст.

Аммо Ғолиб Ғоибов бо такя ба манобеи таърихӣ аз таърихи Куррону Мунҷон, ду ноҳияи бузурги кӯҳистонӣ, воқеъ дар ҷануби Бадахшон нақл кардааст. “Куррон дар ҳамсоягии ноҳияи Мунҷон қарор дорад ва сарчашмаҳо низ аксар вақт онҳоро паси ҳам ёд мекунанд. Ҳамин тавр, маълум мегардад, ки Куррон дар ҷануби вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ гардида, он ба шаҳри дар Дарвоз ёфтгардида, ки он баръакс дар шимоли Бадахшони Афғонистони кунунӣ воқеъ гаштааст, ягон муносибате надорад. Пас, табиист, суоле пайдо мешавад он шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо намуданд, кадом шаҳр аст?”

Дар посух ба ин суоли худ, муаррихи тоҷик ба таърихи шаҳр ва вилояти таърихии Кумед ишора кардааст, ки дар минтақаи байни Хутталону Шуғнон дар ҳудуди Қаротегину Дарвозу Ванҷ воқеъ гашта будааст: “Дақиқ маълум мегардад, ки вилояти Кумед ва шаҳри марказии он дар кӯҳистон воқеъ гашта, дар ҷануб ин вилоят бо Шуғнон, дар ғарб бо Хутталон ҳамсарҳад будааст. Ба андешаи мо харобаҳои шаҳри дар Дарвоз ёфт шуда, ки 32 гектарро ташкил медиҳанд, шаҳри марказии Кумед мебошанд, на шаҳри Куррон. Кумед дар асрҳои VI-VIII вилояти нисбатан тараққикарда буд, то дараҷае, ки тибқи маълумоти солномаи чинии Таншу шоҳони Кумед чанд маротиба ба дарбори императорҳои Хитой аз пеши худ сафорат фиристода будаанд”.

Ин ҳама баҳсҳо дар ҳолест, ки моҳи октябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Бадахшон аз маҳалли Карон низ боздид анҷом дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ABC

  • 16 декабр 2013 17:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Chi darkor amin kalahoi shumo.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
man tarafdori hama
Посух додан
  • донишчу

  • 16 декабр 2013 19:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
номаъкул карди АВС ин едгорихои таърихи дар ояндаи наздик метавонанд ба марказхои туристии чахони табдил ебанд, ки ба пайдоиши чойхои нави кори ва даромадхои иловагии ахоли мусоидат менамояд.
Дар хусуси таърихнигорои навбаромад гуфтаниам ки савсата нахонда монеаи рушди кор дар ин самт нагарданд. То хол на дар хусуси Карон маълумот пешниход кардеду на дар хусуси Кумед. Акнун вакти кофтуковхои археологиатон сар шудааст.........
Посух додан
  • ростгу

  • 18 декабр 2013 10:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охи ами Голииб Гоибов ука тарихчии маруфам нест ки бо идеяи худаша пешниход куна.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамчун таърихчи нуктаи назари донишмандони бузург Масов ва Ёкубовро хаматарафа дастгири менамоям. Бадахшон таърихи бои кадима дорад, на хазорсола балки даххо хазорсолахо доранд. Куррон бошад ё Кумед ба кадом лахчаи ванчу дарвоз мутобикат кунад хамон хаст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!