Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Фақат 90 рӯз! Маҳдудияти Русия барои муҳоҷирони корӣ

18 декабр 2013, 10:26

Парлумони Русия бо қабули як қонун муҳлати буду боши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишварашро маҳдуд кард.

Торнамои расмии Думаи давлатӣ менависад, бар асоси ин қонун муҳоҷирони меҳнатие, ки миёни кишварашон ва Русия низоми раводид ҷорӣ нест, бояд баъд аз 90 рӯз қаламрави ин давлатро тарк кунад. Қонуни қабулкардаи Дума барои муҳоҷирони корӣ дар давоми ҳар шаш моҳ танҳо ҳаққи будубоши 90 рӯзро медиҳад.

Ба гуфтаи Ризвон Қурбонов, муовини раиси Кумитаи Дума оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохторҳои давлатӣ, ки яке аз ташаббускорони лоиҳаи ин қонун низ ҳаст, ин қонун тибқи стандарти аксар кишварҳои мутамаддин мебошад. Қурбонов иброз доштааст, ин лоиҳа инчунин роҳҳои гурези қонуниро низ аз байн хоҳад бурд. Ӯ мегӯяд, дар гузашта муҳоҷирон бо анҷом ёфтани муҳлати буду боши худ қаламрави Русияро тарк карда, дубора худи ҳамон рӯз ворид мешуданд, ки аз ин ба баъд ин номумкин аст.

Ин қонун дар ҳоле мавриди баррасӣ ва аз сӯи Дума қабул гардид, ки ахиран Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хост, муҳлати буду боши муҳоҷирон дар кишвараш маҳдуд карда шавад. Инчунин, Путин гуфт, бояд вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Русия ба нақзи қонун муттаҳам мешаванд, ба мушлати аз 3 то 10 сол манъ карда шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Saved

  • 18 декабр 2013 12:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун чо мекнем? Солхои аввал бачахо аз депортатсия гурехта мегарданд, лекин баъди ба ватан баргаштан дигар ба Россия намеранд. Дар 3 мох пули билета факат дузду кантрабандитхо (боз мумкин бизнесменои калон) броварда метонанд охир. 1 млн зиёд мухочири баргашта дар хона бекор мемона. Пули гардиши дохилира бизнесмено хамаша Хитой мебаранд, аз дигар чо намедарояд. Баъд чи? Ба русхо боз намёк дихем, ки (чум, 201-ум базара брорем), ки точикхоро 3 моху 6 мох нагуянд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тибки Шартномаи ба имзорасида миёни Росия ва Точикистон шахрвандони Точикистон хукуки то се сол, бебромадан аз худуди Россия кор кардан дар Русияро пайдо карданд. Агар шартнома ичро нашавад, вокеан бояд масъалаи аз нав барраси намудани буду боши двизияи 201 ба миён ояд.
Посух додан
  • Гаранг

  • 18 декабр 2013 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ду бор хондам нафахмидам, ё фахмидаму боварам намеояд. Ин чи хел фахмем а? Яъне ичозатномаи кор гирад хам танхо се мох хакки истодан дорад?
Посух додан
  • Фаридун

  • 18 декабр 2013 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ма нам нафамидам ин ча чи гап аст бояд хар шаш мох бад аз каламрави руссия бурои ё чи хели дига ..........
Посух додан
  • Салох

  • 19 декабр 2013 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масъулини редаксияи Озодагон аз Шумо эхтиромона хохиш менамоем, ки мавзуро пайгири намуда барои мо равшантар намоед. Дар хакикат номаълум аст, ки мухочир дар кадом холат хукуки то 90 руз дар Русия кор карданро пайдо мекунад? Дар холати ба таври расми дар кайд будани мухочир чи мешавад? Бозхам ичзати хамон 90 руз? Илтимос инро равшпнтар намоед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!