Бахшҳо
19 дек 2013 14:48Тоҷикистон / Сиёсат

Додгоҳи Олӣ баҳси Кабирӣ бо шаҳрдориро ба 2014 гузошт (ВИДЕО)

Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои омӯзиши баҳси Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳукумати Душанбе то моҳи январи соли 2014 муҳлат хостааст.

Бузурмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз пешниҳоди аризаашон ба Додгоҳи олии кишвар аллакай 2,5 моҳ сипарӣ шудааст: “Аз рӯи қонун барои омӯзиши парванда як моҳ ҷудо мешавад, аммо агар парванда мушкил бошад, то ду моҳ иҷозат аст. Дирӯз мо дар Додгоҳи олӣ будем, ба мо гуфтанд, парванда мушкил аст ва онро бояд то аввалҳои моҳи январи соли 2014 омӯзанд.”

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳанӯз 29 январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдории Душанбе узрхоҳӣ намояд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар ҳеч сурат аз шаҳрдорӣ узр нахоҳад пурсид.

КАБИРӢ ДАР ПАРЛУМОН ЧӢ ГУФТА БУД?


Дар ҳамин ҳол ахиран додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба Муҳиддин Кабирӣ, ҳушдор дода буд, ки ҳарчи зудтар аз шаҳрдории Душанбе маъзаратхоҳӣ кунад. Дар ғайри сурат, алайҳи ӯ, парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард. Аз ин пештар додгоҳ аз оқои Кабирӣ хоста буд, то рӯзи 17 июни соли ҷорӣ қарори додгоҳро дар мавриди узрхоҳияш аз шаҳрдории Душанбе иҷро намояд. Вале он вақт оқои Кабирӣ эълон дошт, ки “агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”

Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Афсус
Точикистон хеч гох бе опозитсия пеш намеравад. Хар чи мегуяд Кабири у хак дорад. Чун мухолифи ХХД аст ва ХХД набояд опозитсияро шикаст дихад. Баъзе масъалахое хаст, ки бояд гуш кард. Кабири шахси бесавод нест ва шояд ягон далеле доштааст, ки ин гуна суханрони намудааст. Ман фикр мекунам, ки вакти буридани дарахтон хам омадааст, чун роххо пур аз мошин шудаасту бисёр хароб.

тамошобин
Ин спектакл аст.

Кабири ин бозиро соли 2014 монд мегуфтед каме аз дили Кабири мегуфтед. Ин бахси бемаъни хаст хама медонад. Кабири 1000 бор узр пурсидаги хаст!факат дар пушти парда!!! КАБИРИ АЗ ХУДО ТАРС ДУРУЯ НАШАВ ХУДАТ МЕДОНИ КИ ДИГАР МАРДУМ БОВАРАТ НАМЕКУНАНД!!!

111
Ба Чамшед. Эй бесавод, ту барин бесаводхо мисли саг мечакен

Салим
Ба чамшед Кабири узр мепурсад ё не ин кори уст ва бовари дорам ки Кабири хар сухане мегуяд дониста мегуяд ва мисли ту буздил нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)