Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Аз Саидов то Қаюмзод. Даҳ чеҳраи соли 2013 дар Тоҷикистон

19 декабр 2013, 17:48

Пойгоҳи “Кимиёи Саодат” бар асоси назарсанҷие, ки дар Facebook анҷом додааст, даҳ чеҳраи намоёни соли 2013 дар Тоҷикистонро тартиб додааст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, Зайд Саидов -- соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар мақоми аввал ҷой дорад. Оқои Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ барои “қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номус, ришват ва бисёрзанӣ” дастгир шуда, то ҳол дар боздошт аст.

Дар ҷои дувум Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ҷо гирифта, мақоми севумро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ишғол намудааст. Додоҷони Атовулло – раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, Умаралӣ Қувватов – раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф мутаносибан ҷойҳои чорум, панҷ ва шашумро ба худ ихтисос додаанд.

Дар мақоми ҳафтум Ойниҳол Бобоназарова – раҳбари созмони иҷтимоии “Песрпектива Плюс” ҷо гирифтааст. Хонум Бобоназарова танҳо зани тоҷик буд, ки дар соли 2013 номзадияш барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, вале ба қавли мақомот натавонист имзои заруриро барои сабтиномаш дар Кумисюни марказии интихобот ҷамъоварӣ намояд.

Хабарнигорон Олга Тутубалина, Абдуқаюми Қаюмзод ва Дориюши Раҷабиён дар мақоми ҳашт, нӯҳ ва даҳум ҷо гирифтаанд. Олга Тутубалина, ки сардабири нашрияи “Азия-Плюс” аст, бо як матлабаш дар бораи бозгашти Бозор Собир, ки дар он ҷо дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам ишорае рафтааст, ба додгоҳ кашида шуд. Панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, ки Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми Тоҷикистон шомили онанд, аз Тутубалина ҷуброни зарари маънавӣ хоста, гуфтанд, ӯ тамоми қишри зиёӣ ва рӯшанфикрони тоҷикро таҳқир кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, ки аз соли 2001 дар Радиои Озодӣ кор мекард, дар оғози соли ҷорӣ раҳбарияти онро ба додгоҳ кашид. Дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ карда буд, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама, вай имсол китоби “40 соли муқовимат, мубориза ва талошҳо”-ро аз чоп баровард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 19 декабр 2013 18:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А президент? А Бобои Файз? lol

Дориюши Раҷабиёнуш кияй?
Посух додан
  • зоир

  • 19 декабр 2013 20:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале Зайд чехраи намоени сол аст.
Посух додан
  • tojik

  • 19 декабр 2013 22:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ozodagoni aziz-in nomhoi guftagita hamaashona peshi zaid burdan darkor.inho ekologiyai vatanro vairon mekunand.
Посух додан
  • Хусрав

  • 19 декабр 2013 23:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чехрахо дар хаёти мардуми Точикистон ягон накши муассир нагузоштаанд. Шуури пасти сиёси чехрахои хираро меофарад. Масалан Тутубалина барои як маколаи миёнаарзишаш якбора чехра шуд ва гайра ва хоказо.
Посух додан
  • Кулоб

  • 20 декабр 2013 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Саидов бузуртарин одами давлат аст. Агар ин мардро хабс кунанд ба давлат 90% зарар мебинад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд саид бехтарин кадри давлат хаст яхел номард 10 сомон барои давлат сарф намекунад бар акс ай хали камбагал мекана ба худша хона ва мошин мехарад.
Посух додан
  • Саид

  • 20 декабр 2013 13:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
наход Озодагон шумо хамин чизи фачро чоп кунед! Охир инхо чи сахм дар пешрафти мулки мо гузоштаанд як бор фикр кунед!
Хай эхтимол онхоро барои "игвоандозишон" кадрдони карданд?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!