Масъалаи маблағгузорӣ аз ҷониби самоягузорони хориҷӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар ин бора Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат зимни мулоқоташ бо Оливер Ван, раиси шӯрои директорони «Галф»-и Канада ва Питер Зилманн, раиси шӯрои директорони ҶМТКММ «Апрелевка» иброз дошт. Ба қавли вазир, фақат бо харидорӣ намудани техника ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони истеҳсолӣ метавон ҳаҷми истеҳсолотро ба маротиб зиёд намуд, ки аз ин, ҳам ҷониби Канада ва ҳам Тоҷикистон фоидаи калон ба даст меоранд. Номбурда афзуд, ки мутаассифона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар КМ «Апрелевка» ба таври зарурӣ роҳандозӣ нагардидааст.
Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат, Оливер Ван ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, махсусан барои фароҳам овардани замина ва ҳалли доимии масъалаҳои корхона ба Гул Шералӣ изҳори минатдорӣ намуд. Ван афзуд, барои ба даст овардани сармояи иловагӣ, гузаштан ба биржаи фондии Лондон дар назар аст ва ворид шудан ба ин биржаи бонуфуз барои ҷалби сармояи бештар мусоидат хоҳад кард. Баъди муҳокимаи масъалаҳои ҳалталаб ҷонибҳо ба чунин мувофиқа омаданд, ки барои ба тадриҷ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот маблағгузориро ҳарчӣ зудтар аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз намоянд.
Мӯҳр