Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Солиев барканор ва муовини Қосим Қосимов раиси “Агроинвестбонк” шуд

24 декабр 2013, 11:45

Алишер Солиев, раиси “Агроинвестбонк” аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Суюнхон Рустамов таъин гардид.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз “Агроинвестбонк” хабар дода, афзуданд, Суюнхон Рустамов то ҳол вазифаи муовини Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистонро, бар ӯҳда дошт. Ин тағйирот дар ҳолест, ки тибқи гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) “Агроинвестбонк”, калонтарин бонки Тоҷикистон, ки соли гузашта дар остонаи муфлисшавӣ қарор дошту давлат онро “наҷот” дод, ҳанӯз ҳам дар ҳолати ногувор қарор дорад.

Ба иттилои СБП, бо вуҷуди рекапитализатсияи “Агроинвестбонк” ва садҳо миллион саҳми давлат, дар ин бонк ҳанӯз ҳам норасоии маблағ ҷой дорад. Сандуқи Байналмилалии Пул “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷӣ ҷалб гарданд.

“Агроинвестбонк” бар асоси иттилои оҷонсии “РИА Рейтинг”, ки ҳамасола таҳқиқоти умури бонкӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро анҷом медиҳад, калонтарин бонки Тоҷикистон аст, ки ҳаҷми сармояи он ба ҳолати аввали соли равон 453 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Алишер Солиев моҳи июни соли 2012, дар пайи ҷаласаи саҳомони «Агроинвестбанк», раҳбарии ин бонкро бар ӯҳда гирифта буд. Оқои Солиев писари раиси пешини Кумитаи андози Тоҷикистон -- Ҳаким Солиев мебошад, ки соли 1977 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай соли 1999 Донишгоҳи миллиро хатм намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 24 декабр 2013 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Солиевро падараш хеле чамъ кард. Ба хафт пушташон мерасад. Писараш рафта як кори идди кунад.
Посух додан
  • Хочи

  • 24 декабр 2013 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хучаали рафту Алихуча омад.Аз ин рафтану омадан ягон фоида ба давлату миллат нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кас аз ин сиесати кадрие ки дар мост хайрон мемонад кишоварз бонкир мухандис вазири молия обу хавосанч вазири хорича гуе ки Точикистон ба бухрони кадри ру ба ру гаштааст е ин ки ин тарзи идори ва касоди чомеа ба касе хушоянд аст
Посух додан
  • Dev

  • 24 декабр 2013 21:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суюнхон ...in chi nomu chi millat boshad ? Shoyad az bekadri , kadrhoi hamsoyaamonro ba ijora ovarda boshand !
Посух додан
  • AAS

  • 25 декабр 2013 01:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Pulhoi Bonk kujo ravadu boz az hisobi buja mablaghguzori shavad ?? Az hisobi mardumi andozsuporanda. kase pulhoro obu loy kardast, az hamun ruyonda gired. Charo puli mardum baroi najoti bonk boyad masraf shavad

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!