Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:09

Аксуламалҳо ба ҳабсу шиканҷаи наворбардори “Озодагон”

26 декабр 2013, 09:20

Дар пайи латту кӯб ва ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқ изҳор доштанд, ки ин қазияро пайгирӣ доранд ва ба зудӣ баёнияи расмии худро интишор хоҳанд дод.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ):
“Мо аз қазияи Абдураҳим Шукуров огоҳ ҳастем. Бо раҳбарони созмонҳои марбут ба хабарнигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам дар тамос шудем. Қарор кардем, ки имрӯз (25 декабр) дар якҷоягӣ бо ҳам изҳорот пахш кунем. Албатта, мо, созмонҳои хабарнигорӣ ин амалро маҳкум мекунем. Барои расондани кумаки ҳуқуқӣ ба наворбардори “Озодагон” омода ҳастем. Аммо иқдоми нахуст ва расмӣ бояд аз тарафи раҳбарияти “Озодагон” гирифта шавад.”

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА, раҳбари Шӯрои Васоити ахбори омма:
“Албатта, ин қазияе, ки бар сари наворбардори “Озодагон”, Абдураҳим Шукуров, омад, барои ҷомеаи хабарнигорон ғайричашмдошт буд. Шукуров он ҷо ҳамчун хабарнигор вазифаи худро иҷро мекард. Монеа шудан барои иҷрои вазифаи хабарнигорӣ бар асоси қонунҳои кишвар манъ аст. Дар Кодекси ҷиноӣ ҳатто омадааст, ки халал расондан, монеа эҷод кардан барои хабарнигорон барои анҷоми кор мӯҷиби ҷазо хоҳад буд. Мутаассифона, амали кормандони ҳифзи тартибот ба меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқат намекунад. Ин дахолат ба фаъолияти хабарнигор буд ва инро дигар хел баҳогузорӣ кардан ғайриимкон ҳаст. Аз ин ҳолат тамоми созмонҳо дар ташвиш буда, бо пахши изҳорот вокуниш нишон хоҳем дод.”

Мухтор БОҚИЗОДА, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон:
“Мо изҳорот пахш хоҳем кард. Қабл аз ҳама, рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғайриқонунӣ буда, боис ба нигаронӣ ҳаст. Онҳо барои фаъолияти хабарнигор монеа эҷод кардаанд. Мутобиқи қонун касе ҳақ надорад, ки ба рафти иҷрои кори хабарнигорӣ ба намояндаи расонаҳои хабарӣ монеа эҷод кунад. Ҳоло созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон гирди ҳам омада, масъалаи мазкурро ҳатман баррасӣ мекунем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИМРӮЗ БОЯД БА ТАВРИ ОҶИЛ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАО ДОИР ГАРДАД! ТАМОМИ МАРДУМЕ, КИ ДАР ҶОИ ҲОДИСА БУДАНД, ДИДАНД, КИ ХАБАРНИГОРРО РӮЙРОСТ ЗАДА - ЗАДА БУРДАНД. ӮРО НАЗАДАНД. ШУМОРО ЗАДАНД ҚАРШИБОЕВ ВА ҚИРОНШОҲ ШАРИФЗОДА! ИН ТОРСАКӢ БА РӮИ ШУМО БУД!
Посух додан
  • Шеф

  • 26 декабр 2013 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандаи дунё кард хамаро ин сиёсати фалач.Аз 1 наворбардор ин кадар метарсед, пас биспоред зимоми кудратро ва равед пахтакори кунед.
Посух додан
  • лола

  • 26 декабр 2013 11:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ту дар каментарият номи худата метарси нависи агане давлатдори осонай
Посух додан
  • Ман

  • 26 декабр 2013 20:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин давлатдорхо аз хадд гузаронданд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!