Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 14:24

Даъвати Шукуров барои бозпурсӣ ба додситонӣ

27 декабр 2013, 09:49

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро, ки бегоҳи 26-уми декабр аз боздошт раҳо шуд, барои бозпурсӣ даъват намудааст.

Ба иттилои додситонӣ бозпурсии Шукуров дар асоси муроҷиати хабаргузории “Озодагон” сурат мегирад, ки аз боздошту латукӯби наворбардораш ба ин ниҳод шикоят бурда буд.

Худи Абдураҳим Шукуров, таъкид мекунад, ки боздошту латукӯбашро ғайриқонунӣ меҳисобад ва мубориза мебарад, то омилони латукӯб ва шиканҷааш муҷозот шаванд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе шоми 26 декабр Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро бо 320 сомонӣ ҷарима аз боздошт озод кард. Оқои Шукуров шаби 26 декабр, дар ҳоле ки вакили мудофеъ надошт ва аз латту кӯб шуданаш аз тарафи маъмурони пулис шикоят мекард, барои 7 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Окои Шукуров" "Пулис" - ин сомонаи эрони ё точики?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!