Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Парванда алайҳи масъули ситорашиносии Академияи улум

3 январ 2014, 12:36

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи мудири гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва санҷиши кор дар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар давраи солҳои 2011-2013 Миниқулов Насриддин Худойбердиевич аз ваколатҳои мансабии худ суистифода намуда, маблағҳои барои таъмири Расадхонаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор вобасташударо, ки 108 ҳазору 432,8 сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Оҷонсии фасод мегӯяд, парванда алайҳи Миниқулов моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • назар

  • 3 январ 2014 12:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба шефаш илолов чанд дода бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Мамадназаров пусед, хамаи додяхо аз дасти вай мегузаштанд.
Посух додан
  • Ситора

  • 3 январ 2014 14:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ситораҳо... ситораҳо... китоб хондан даркор!
Посух додан
  • Илхом

  • 5 январ 2014 21:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аъзои ХХДТ аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!