Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:35

“Додрас барои ҳукми сабук 4 ҳазор $ хостааст”

6 январ 2014, 11:30

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ришваситонӣ муттаҳам мекунад.

Ба иттилои ин ниҳод додрас Рофиев Дилшод Ҳакимович ба утоқи кории худ шаҳрванд Пулатов С.-ро, ки нисбаташ барои вайронкунии қонунгузории меҳнат парванда ҷой доштааст, даъват карда, аз ӯ барои сабук намудани ҷазо дар аввал 4000 доллари амрикоӣ талаб намуда, зимни сӯҳбат ба маблағи 2500 доллар қонеъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, сипас Рофиев аз маблағи талабнамудааш ба воситаи миёнарав Усмонов Алишер 1000 доллари ИМА-ро гирифта, боз маблағи 500 доллари дигар талаб менамояд.

Оҷонсии зидди фасод афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Рофиев ҳангоми гирифтани 500 доллар ба воситаи миёнарав - котиби маҷлиси судӣ Ҷумаев Муъмин, дастгир карда шуда, далелҳои шайъи ёфта мусодира гардиданд.

Ин ниҳод мегӯяд нисбати додрас Рофиев ба иттиҳоми ришваситонӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • абду

  • 7 январ 2014 00:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то замоне ки дар точикистон суду пракрор ва милисаву духтур бо пул сохиби кор мешаванд хар гиз кишвари мо руи ободиро намебинад.дар мо хатто талабаи мактаб хам медонад ки барои халли кадом мушкиле набошад бояд пул бидихи.дар рузи равшан гаихо озодона дар кучахо руи рост пул чамъ мекунанд.суду пракрору духтуро мошинхои хоричи доранду дар бехтарин шароитхо зиндаги мекунанд.мани мухочир дар расия 25-30 хазор рубл мохе кор мекунам фикр мекунам маошам аз маоши инхо зиед е акалан баробари маошашон аст аммо боз хам зиндагии факирона бо проблемаи зиед дорам.инро мане ки танхо мактаби миенаро хатм кардаам фахмидаму дарк кардам наход шумо масъулини маълумоти олидор дарк накунед?
Посух додан
  • Ориф

  • 15 март 2015 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Фатох ако ин олитарин кори шумост.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!