Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:09

Ҷаласаи умумии саҳмдорони “Роғун” ва баҳси фоида

7 январ 2014, 10:24

Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳҳомии кушодаи нерӯгоҳи “Роғун” қарор кардааст, ки санаи 8-уми феврали соли равон соати 9:30 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии саҳмдорони нерӯгоҳ баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи умумии саҳмдорон дар кӯчаи Теҳрон-5, бинои “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Ба иттилои манбаъ ба қайдгирии иштирокдорон рӯзҳои 6-7 феврали соли 2014 аз соати 08.00 то соати 17.00 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад: “Саҳмдорон ҳангоми бақайдгирӣ барои иштирок дар маҷлис шиноснома пешниҳод намоянд. Саҳмдороне, ки барои бақайдгирӣ ва иштирок дар маҷлис ҳозир шудаанд, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои зикргардида бояд саҳмияҳо ва ё сертификатҳои саҳмияҳоро дошта бошанд.”

Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, дар ҷаласаи умумӣ роҳбарияти ҶСК “Роғун” оиди фаъолияти ширкат гузориш медиҳад. Инчунин зимни ҷаласа интихоби роҳбарият ва аъзои Шӯрои назоратии “Роғун” дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 61-и Оинномаи ҶСК «НБО Роғун», масъаллаи эълону пардохти суди саҳмияҳо бояд ҳатман ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ворид шавад. Қаблан Вазорати молия маблағеро, ки аз ҳисоби дар бонкҳо гузоштани пули Роғун ба даст омадааст, ҳудуди 90 миллион сомонӣ арзёбӣ карда буд.

Фурӯши саҳмияҳои Роғун моҳи январи соли 2010-ум оғоз гардида, дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмия фурӯхта шуда буд. Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳҳомони оддии ҶСК «НБО Роғун»-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ- саҳмдороне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар арзёбӣ мешуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилшод

  • 7 январ 2014 13:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Донишчуени сахмдор, ки аксариятро ташкил медихед, ба пеееееш!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!