Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:05

Андерс Брейвики қотил бо «Славянский союз»-и Русия ҳамкорӣ доштааст

8 август 2011, 10:46

Сарвари созмони фашистии «Славянский союз-Русские» Дмитрий Демушкин бо терористи норвежӣ  Андерс Брейвик равобити зичи ҳамкорӣ доштааст.


Дмитрий Демушкин ба хабаргузориҳо  иқрор  кардааст, ки Брейвик бо шўъбаи ослоии «Славянский союз  иртиботи қавии ҳамкорӣ дошт.  Ў гуфтааст, Андерс Брейвик барои машқдиҳӣ  ба аъзои созмони «Славянский союз» ба бошишгоҳи онҳо ба минтақаи Завидовои Маскав, наздикии қароргоҳи Дмитрий Медведев омада, малакаи тирпарронӣ  ва тактики онҳоро такмил дода будааст.
Феълан, созмони «Славянский союз»-и Осло мавриди тафтиши пулис қарор гирифта, сарвари он аллакай Норвежро тарк гуфтааст.

Ҳамчунин, Андерс Брейвик барои ғайриқонуни ворид шудани Вячеслав Датсик, якеи дигар миллатгарои рус ба Норвеж  мусоидат ва кумак намуда будааст.
Пулис аз маъқари созмони «Славянский союз»  дар Осло як миқдор аслиҳа, тирҳои гуногун ва либоси ҳарбӣ пайдо кардааст, ки бино ба гумони пулиси ин кишвар чунин лавозимотро танҳо бо кўмаки миллатгароёни рус аз Русия дастрас кардан имкон доштааст. {jathumbnail off}

Дар ҳамин ҳол қотили афроди зиёд, душмани мусулмонон -Андерс Брейвик гуфтааст, эҳтироми зиёд ба Владимир Путин, сарвазири Русия дорад, ва чанд нафари дигарро дар ин кишвар мешиносад ва манофеи Русияро аз манофеи Аврупо боло мегузорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!