Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

НАНСМИТ аз вазъи озодии баён дар соли 2013 натиҷагирӣ кард

7 январ 2014, 19:23

Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, дар соли 2013, ки соли интихоботи президентии Тоҷикистон буд, ҳолатҳои зиёди масдудияти сомонаҳои хабарӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба маълумоти барои ҷомеа муҳим, баҳсҳои зиёди додгоҳӣ, ғайриқонунӣ боздошт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардани журналистону сабти ном накардани рӯзноманигорон сабт шудааст.

НАНСМИТ, ки вазъи озодии суханро тайи 12 моҳи сипаришуда натиҷагириӣ кардааст, хабар дода, ки соли 2013 дар маҷмӯъ 276 иттилои марбут ба озодии сухан ва инъикоскунандаи фаъолияти ВАО ва журналистонро дар кишвар дарёфт намуд, ки 82 тои он аз нақзи ҳуқуқҳои журналистон ва ВАО ва 65 тои дигар аз низоъ ва иттиҳомот алайҳи расонаҳову хабарнигорон иборат аст.

Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон аз баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ёд овардааст, ки рӯзномаи "ИмрузNews”-ро ба додгоҳ кашид ва 25 феврал додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзномаро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф кард.

“19 феврал бошад, суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои Кумитаи динро алайҳи хабарнигори оҷонсии иттилоотии “Тоjnews” - Амруллоҳи Низом баррасӣ намуда, ӯро дар “майдаавбошӣ” гунаҳкор ва 280 сомонӣ ҷарима баст. 2 апрел додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд журналисти телевизиони “Ҷаҳоноро” М.Воҳидовро дар нақзи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор ва 400 сомонӣ ҷарима баст. 19 июл, додгоҳи иқтисодӣ адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи “ИмрузNews”-ро мутаносибан ба пардохти 30 ҳазор ва 1 сомонӣ ба фоидаи ширкати “Тоҷирон” муваззаф намуд”,-хабар медиҳад манбаъ.

НАНСМИТ ҳамчунин қазияи журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро, ки аз ҷониби суди ноҳияи Масчоҳ барои 11 сол равонаи зиндон шуд, зикр намуда, аз ду ҳолати ҳамла ба журналистон – Абдураҳим Умаров, сухангуи Хадамоти гумрук ва Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон” ёдовар шудааст.

Дар зимн, Анҷумани миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон қабули қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”-ро, ки 19 марти соли 2013 аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуд, “қадами аслӣ дар рушди таҳкими қонунгузории ВАО” номидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • akbar

  • 7 январ 2014 20:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар майдони сухан бояд озоди бошад.Ва ин озодиро хар як сухангу ва суханвар на ба максади худ балки ба максади ом истифода намояд.Имруз ягона манбаъе, ки хакикатро мегуяд онхам матбуод хусусан хафтаномахои хусуси мебошанду бас.Дигар хаммааш сохтакорию....ха ха хаминхел.Гуфтани хастам, ки кушиш накунед сади рохи хакикатро банд кунед.Чунки ин номумкин аст магар мочарои дареро банд карда мешавад.ХАКИКАТ БОЯД ГУФТА ШАВАД!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!