Бахшҳо
09 янв 2014 10:24Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қатъи фаъолияти "Роҳи оҳан"-и Бобак Занҷонӣ

Масъулони тими футболи “Роҳи оҳан”-и Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Эрон, мегӯянд, бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шуда, муваққатан фаъолияташонро боз доштаанд.

Рустам Зандӣ, сарпарасти тими футболи “Роҳи оҳан”, гуфтааст, фаъолияти ин тим ба далели мушкилоти молӣ то мушаххас шудани вазъияти соҳибаш - Бобак Занҷонӣ қатъ мегардад. Ба қавли Зандӣ, қатъи фаъолияти ин тим муваққатист ва дар сурати дарёфти маблағ корро аз сар хоҳанд гирифт.

Ӯ бар ин аст, ки дар масъалаи боздошти Бобак Занҷонӣ нофаҳмиҳое ба миён омадааст ва базудӣ ҳалли худро меёбад: “Занҷонӣ барои Эрон бисёр корҳои хуберо анҷом додааст ва мақомоти кишвар ин масъаларо ҳатман ба инобат гирифта, зудтар дар бораи тақдири ӯ тасмим хоҳанд гирифт.”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, асри 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк” дар Тоҷикистон, мебошад.

Ҳоло мақотми Эрон мегӯянд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро рад кардааст.


Дар акс: Бобак Занҷонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи терминали Осиё Экспресс; баҳори соли 2013

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эмомалӣ
Занҷонӣ нофаҳмиҳое ба миён омадааст ва базудӣ ҳалли худро меёбад: “Занҷонӣ барои н бисёр корҳои хуберо анҷом додааст ва мақомоти кишвар ин

Мухтарам кормандони "Озодагон". Сухан дар хабар дар бораи як тими футболи эрони меравад. Максад чист, ки сурати Президенти кишварро дар хошияи он чойгир кардаед? Агар сурати Занчониро надоред боке нест. Гиред ин суратро, худатонро шарманда сохтаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)