Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Юсуф Қарзовӣ эълон кард, Ислому сиёсат гӯшту нохунанд

20 январ 2014, 12:30

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон, дини Ислом ва сиёсатро ду чизи ба ҳам омехтаву ҷудонашаванда хонда, иштироки рӯҳониён дар саҳнаи сиёсатро ҳаққи қонунии онҳо медонад.

Қарзовӣ дар ин бора дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамояш, ки “назари Шумо дар мавриди даст кашидани рӯҳониёни исломӣ аз сиёсат ба хотири табдил нашудан ба “баландгӯяк”-и ҳокимон чист?” ибрози назар кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ки рӯҳониёни исломӣ табдил ба “баландгӯяк”-и ҳокимон нашаванд, аз худи эшон вобаста ва барои онҳо воҷиб аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба хотири ин чиз онҳо аз сиёсат даст кашанд: “Чун иштироки рӯҳониёни исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҳаққи қонунии эшон аст.”

Раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон гуфтааст, иддаои ҷудо будани Ислом аз сиёсат таҳқир дар ҳаққи ин дин мебошад: “Шояд ин иддао ба буддоию насронӣ рост ояд. Аммо ба Ислом ҳаргиз на!” Вай таъкид кардааст, рӯҳониёни исломӣ метавонанд, дар сафи аҳзоби сиёсии хусусияти динидошта шомил ва дар рафти ободии ҷомеаи ҳаммаслакону ҳамдинони худ саҳмгузор бошанд.

Ба гуфтаи Юсуф Қарзовӣ, дар дини Ислом истилоҳ ё унвоне ба номи ходимони дин, ки дар дигар адён, аз ҷумла насронӣ ҳасту иштироки онҳо дар умури сиёсӣ манъ аст, вуҷуд надорад: “Ин қишрро дар Ислом донишмандони улуми исломӣ ном мегиранд, ки ҳама ҳақ дорад, дар пайи омӯзиш онро соҳиб шавад ва омӯзиши шариат ва фиқҳи исломӣ ҳаргиз боиси маҳрумияти онҳо аз сиёсат нахоҳад шуд.” Ӯ афзудааст, “Ислом як дине мебошад, ки дар тамоми он чи ки ба зиндагии инсон таъсиргузор аст, аз ҷумла сиёсати маориф ва илм, сиёсати матбуот, сиёсати қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ, сиёсати молӣ, сиёсати сулҳ ва сиёсати ҷанг дастурот ва мақаррароти худро дорад”.

Масъалаи ҷудо будани дин аз сиёсат дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ба яке аз масоили баҳсбарангез табдил ёфтааст. Ин аст, ки соли гузашта бархе аз рӯҳониёни тоҷик дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карданд, вожаи ислом аз номи Ҳизби наҳзати исломӣ бардошта шавад. Зеро, ба бовари онҳо, дини Ислом ба ҳизб ниёз надошту надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Тарафдор

  • 20 январ 2014 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале бародар Юсуф Карзови Худо ачрат дихад.
Посух додан
  • Исо

  • 20 январ 2014 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яъне, Раиси уламои мусулмонони чахон шайх Юсуф К,арзови эълон дошт, ки хизбхои исломи ва ХНИТ дар чорчубаи конуни шариъатан ва аз онхо бояд дифоъ кард...!?
Посух додан
  • МУХЛИС

  • 20 январ 2014 16:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИСЛОМ ИН СИЕСАТ АСТ ИСЛОМ ИН ТИЧОРАТ АСТ ИСЛОМ ИН ЪИБОДАТ АСТ ИСЛОМИ АЗИЗ ИН ТАМОМИ ҲАЕТИ МО АСТ
Посух додан
  • Саид

  • 20 январ 2014 16:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исломро хароб карданд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ислом худ сиесат аст ин дуруст аст
Посух додан
  • Исо

  • 20 январ 2014 19:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
... пас чаро мо худро мусулмон гуфта нафрат аз ислом дорем, бо суханони баъзехо! инхел бошад иншоАллох, ман омодаам аъзои ХНИТ бошам то дифоъ аз хукуки мусулмонон кунам.
Посух додан
  • бория

  • 21 январ 2014 09:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ун баъзе рухониёне,ки дар назди эмомали хостори бардоштани номи ислом шуданд аз хнт онхо рухони нею дар асл бе рух хастанд улоика кал анъом бал хум азалл ва бо ин калимаи тайибаи ЛО ИЛОХА ИЛЛАЛЛОХ имон надоранд зеро ин калима худ сиёсат аст бакте ин калимаро мегуйи хама конуну маъбудхоро нахе мекунию факат конуни Аллох ва маъбуд Аллохро карор медихи
Посух додан
  • Файсал

  • 21 январ 2014 10:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ислом сиёсат гуфта, баъзе нафарои вазифапарасту мансабпарастро хурсанд кард. Акнун хезед ба суи ВАЗИФА. Бо зури аст ми, бо зори хаст ми, кашида гиред!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!