Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

Раиси Кумитаи замин дар бораи баҳсҳои марзӣ бо Тошканду Бишкек (ВИДЕО)

21 январ 2014, 10:12

Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи 21 январ дар нишасти хабарӣ ба мавзӯи заминҳои баҳсии наздимарзӣ дахл карда, гуфт, ҳоло дар баробари Қирғизистон бо Узбакистон низ баҳсҳо вуҷуд доранд.

Зокиров гуфт, айни ҳол бо Узбакистон 90 гектар замини баҳсӣ боқӣ мондааст: “То ҳол миёни Узбакистону Тоҷикистон 1 000 гектар аломатгузорӣ шуда, ратификатсия гардидааст.”

Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки баҳсҳои ахиран шиддатёфта бо Қирғизистон дар масъалаи замин ба эътидол омада, аз роҳи гуфтушунид ҳал хоҳанд шуд: “Миёни Тоҷикистону Қирғизистон комиссияи муштараки ҳукуматӣ дар масъалаи марз фаъолият дорад ва феълан дар самти аломатгузории марзҳо кор мебарад.”

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд ва ахиран тирпарронӣ миёни марзбонҳои ду кишвар мояи муттаҳамсозии тарафайн шудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 21 январ 2014 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам раис 1000 км.кв - ро ба Хитоихо ки доден Киргиз хам замин талаб карда истодааст. Ана сарчашмаи ин корхо.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дидед нафакат киргизхо боз узбакхо низ чунин карда истодаанд.Чаро мо оиди Самарканду Бухоро бахс намекунем? Шахси камкуватро хамма мезанад. Аз аввал бояд заминро ба Хитой намедодем акнун гайри Душанбе хамма заминхо аз тарафи хамсояхо гирифта мешавад ва аз дасти мо чорае намеояд. Ман инро 2-сол пеш гуфта будам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!