Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:40

Муовини Рустами Эмомалӣ дар бораи мансабфурӯшӣ ва мошинҳои дуздӣ (2 ВИДЕО)

23 январ 2014, 11:23

Неъматҷон Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 23-юми январ, зимни шарҳи ифшои нахустин ҳолати мансабфурӯшӣ дар ин ниҳод гуфт, раҳбарияти нав ба мубориза бо фасоду ришваситониҳо таваҷҷуҳи зиёд медиҳад.

Дар рӯзҳои аввали фаъолияти Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини Хадамоти гумрук, Оҷонсии зидди фасод аз боздошти ду масъули ин ниҳод хабар дод, ки барои мансаб 13 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд. Раҳматов бо ишора ба ин қазия таъкид намуд, ки дар маҷмуъ Хадамоти гумрукро фасодзада гуфтан дуруст нест ва назарпурсӣ миёни коршиносонро далел овард, ки тибқи натиҷаҳои он Хадамоти гумрук ҳатто ба даҳгонаи ниҳодҳои фасодзада дохил намешавад.

Ӯ, инчунин, аз банд будани гузаргоҳҳои гумрукӣ бо Қирғизистон хабар дода, изҳори умед намуд, ки ояндаи наздик додугирифти мол бо ин кишвар дубора роҳандозӣ хоҳад шуд.



Дар баробари ин, Раҳматов дар бораи дуздии 200 мошини дуздии олмонӣ, ки гӯиё вориди Тоҷикистон шудаанду бисёрашон дар ихтиёри наздикони раисиҷумҳур қарор доранд, ибрози назар кард:





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 23 январ 2014 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ояндаи наздик рох бо Киргизистон кушода мешавад гуфтед кай мешавад ва ки онро бояд кушояд?
Посух додан
  • ВАЙРОН

  • 23 январ 2014 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СОДИРОТИ МАХСУЛОТИ МЕТАЛХОИ РАНГАРО КИ МАНЪ ШУДААСТ БО САБАБХОИ НОМАЪЛУМ ВА МАЪЛУМ ИЧОЗАТ ДИХЕД СОХИБКОРОН МУДАТИ 3 МОХ МЕШАВАД КИ МАХСУЛОТАШОН ХОБИДА МАОШИ МАРДУМ НОДОДА КАРЗДОР ВА МУФЛИС ШУДАИСТОДААНД АКАЛАН МАХСУЛОТИ ТАЁРКАРДАИ ОНХОРО ИЧОЗАТ ДИХЕД 2 СОЛ МОНОПОЛИЯ БУД БАЪД МОНОПОЛИЯ КАТЪ ШУД ХУРСАНД ШУДЕМ БОЗ ЯГОН НАФАРИ ДИГАР ЧИ НИЯТЕ ДОРАД БЕ ИН ХАМ КОЧОК РАФТАИ СТОДААСТ БАРОИ ЧИ БО МО ИН ХЕЛ МУОМИЛА МЕКУНЕД НА АРИЗА ЧАВОБ ДОРАД НА ИНСОН АЗ НОНИ ХУРДАН МОНДЕМ ХУДОТОН СЕР ИНСОФ КУНЕД . ШИКАМИ ФАРЗАНДОНИ МО ШУМОРО ИНТИЗОР ШУДА НАМЕТАВОНАНД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рохи байни TJK ва KG кай боз мешавад? Шумо фикри мардуми оддиро намекунед ки наметонанд чи кор кунанд?Донишчуёне ки дармондаанд кай мераванд таьтил тамом шуд

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!