Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Мақомоти қирғиз мегӯянд, 11 марзшиканро нобуд кардаанд

24 январ 2014, 10:12

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти 23 январ гурӯҳи 11-нафарии марзшиканҳо дар минтақаи Иссиқ-кӯлро нобуд кардаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи марзшиканон, ки корманди хоҷагии шикори ин кишварро кушта, ба марзбонони минтақаи Иссиқ-кӯл мухолифати мусаллаҳона нишон додаанд, дар 40-километрии марзи Қирғизистону Чин муҳосира ва кушта шуданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон илова кардааст, ки зимни амалиёт 11 марзшикан кушта ва ду марзбон ҷароҳат бардоштанд: “Аз кушташудагон ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Чин дарёфт шуданд ва айни ҳол мақомот ба муайян кардани шахсияти онҳо машғул мебошанд.”

Феълан барои равшан сохтани қазия ба ҷои ҳодиса Таалайбек Усубалиев, муовини сардори Хадамоти марзбонони Қирғизистон ҳозир шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 24 январ 2014 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хабар дуруг хаст.Киргизхо умунан чангида наметавонанд.Бо ин хабархо моро тарс додани хастанд.Хол онки хама медонем чанд сол пеш Ч.Намангони бо панчох размандааш то карибихои Бишкек рафтанду боз озодона ба Афгонистон баргаштанд.....
Посух додан
  • Точик

  • 24 январ 2014 13:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Киргизхо дар арсаи олам яке аз тарсутарин миллатхо шухрат доранд. Ин як навъ тарс додани точикхост. Киргизхои чупон тарсуянд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!