Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

Рустами Эмомалӣ баъд аз шаш сол дар куҷо хоҳад буд?

24 январ 2014, 13:55

Абдулазизи ВОСЕЪ

Хадамоти гумрук дар гузашта як ниҳоди матраҳ ба назар намерасид, ҳарчанд сохтори калидӣ буд. Он танҳо баъд аз он “рекламаи бепул” шуд, ки ба курсии №1-аш ҷавони 26-солае такя зад ва он ҳам ҷавони одӣ не, писари раисиҷумҳур.

Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик аст, ба қавле “аз ҳаво” ба ин курсӣ нарасид. Аз ин пеш ӯ муовини раиси Хадамоти гумрук буд. 30 ноябр дар ҷаласаи нахустини ҳукумати нав, ки баъди дигарбора ба мансаби президентӣ расидани падараш – Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, раиси Хадамоти гумрук таъин гардид.

Ба чунин вазифаи масъул расидани Рустами Эмомалӣ бе гапу калоча намонда, вокунишҳоеро дар пай дошт. Бархеҳо (аксарият намояндаҳои ҳизби ҳоким) ба тавсифи Рустам пардохтаву мегуфтанд, “ҷавони кордону шоиста” аст. Барои мисол, Усмон Солеҳ, масъули таҳлил ва тарғиботи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфта буд, “ба Рустами Эмомалӣ вазифаи пурмасъулиятро доданд. Вай зина ба зина чанд вазифаҳои роҳбарию умуман ташкилиро гузашта омадааст. Чизи дигари муҳим ин аст, ки мо ҳамеша мехоҳем, дар ҳайати роҳбарии ҳукумат кадрҳои ҷавон бошад. Ҳамин чизро роҳбари давлат амалӣ карданд”.

Аммо гурӯҳе ҳарфи дигар доштанд. Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон: “Соҳибкорон ба Рустам ҳамчун писари президент Эмомалӣ Раҳмон муносибат мекунанд, на ҳамчун як шахсе, ки салоҳият дорад, истеъдоду лаёқат дорад ва аз ҷузъиёти фаъолияти Хадамоти гумрук бохабар асту ин сохторро идора мекунад”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бошад, дар як суҳбат бо телевизиони русии “А24” гуфт, интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раҳбари Хадамоти гумрук аз кишвари феодалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Гурӯҳе низ ҳадс мезаданд, ки Рустами Эмомалиро барои соли 2020 омода мекунанд. Таври маълум дар он сол интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва он вақт мувофиқи Конститутсия Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи пешбарӣ кардани номзадияшро надорад.

Аслан, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба курсии падар нишастани писарони президент зиёд таҷриба шудааст, ки ба мо наздиктаринаш Озарбойҷон аст. Ҳайдар Алиев ҳам бо ҳамин роҳ писарашро соҳиби курсии раёсатҷумҳурӣ кард. Аммо ҳоло, ки то соли 2020 фурсати андак нест, беҳтараш аз кори Рустам бигӯем.

Ба бахти ӯ, бо зери назорат гифтани Хадамоти гумрук, хабари дар Тоҷикистон пайдо шудани шумори зиёди мошинҳои дуздӣ паҳн шуд. Рӯзномаи “Bild”-и чопи Олмон 19 декабр дар матлабе навишт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда, бо шумули 93 сабукрав тамғаи BMW, аз Олмон дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин хабарро масъулини сафорати Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон бепоя хондаву гуфтанд, ки ҳадаф бадном кардани Тоҷикистон аст. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки аз соли 2011 то ин замон 127 далели боздошти мошинҳои дуздӣ, аз ҷумла 57 далели боздошти мошинҳои аз Олмон дуздидашуда сабт гардида, “ягон мошини дуздӣ ба хешовандони президент ё аъзои ҳукумат тааллуқ надорад”.

Боз ба бахти Рустам, ӯ замоне ба ин курсӣ расид, ки соли нави мелодӣ наздик буд ва Вазорати умури дохилӣ ҳамарӯза аз боздошти миқдори зиёди маводи тарфгарӣ ва “хлопушка”-ҳо дар арафаи соли нави мелодӣ хабар медод. Таври маълум ин вазифаи Хадамоти гумрук аст, ки бояд аз вуруди онҳо ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кунад. Дар ин мавзӯъ низ дар интернет шарҳҳое пайдо мешуд, ки “Хадамоти гумрук ба куҷо менигарад?”

Мавзӯи аз ҳама “воҳима” ҳаҷми маблағест, ки дар 11 моҳи соли сипаришуда аз Чин ба Тоҷикистон мол ворид шудааст. Сари ин мавзӯъ ахиран, дар интернет зиёд баҳс мешавад. Тибқи баъзе маълумотҳо, ба иттилои ҷониби Хитой маблағи молу колои ба Тоҷикистон интиқолшуда 1 миллиарду 672 миллион долларро ташкил медиҳад, вале Агентии омори Тоҷикистон онро 661 миллион доллар мегӯяд.

Аммо ба бахти Рустам танҳо масоиле набуд, ки ба паҳлўи манфии Хадамоти гумрук ишора кунад. Ӯ ба ҳайси раҳбар дар назди падараш ҳисобот дода, аз дастовардҳои ниҳоди зери назораташ гуфт. Ин чиз дар ҷаласаи васеи ҳукумат иттифоқ афтод, ки 15 январ баргузор шуд. Писар гузориш мехонд, падар назора мекард. Дурбинҳои телевизионҳои давлатӣ ҳам зуд-зуд падару писарро намоиш медоданд. Аҷаб саҳнае буд... Рустами Эмомалӣ зимни ироаи гузориш аз 496 миллион сомонӣ зиёдтар иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ “мужда” дод.

Ҳоло дигар бояд интизор буд, ки Рустами Эмомалӣ дар садри Хадамоти гумрук ба чӣ муваффақиятҳое даст меёбад. Шояд бо талоши ӯ, Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии Авруосиё мепайвандад, расмиёти зиёд, ки барои воридот ва содироти молу коло аз марзи кишвар мавҷуданд, камтар мешавад, барои тафтишу барасмиятдарорӣ вақти андак масраф мегардад ва мизони фасоду қочоқ коҳиш меёбад? Барои он ки бубинем, ин мансабдори 26-сола ба чӣ коре қодир аст, бояд мунтазир буд. Интизорем...


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 4

  • 24 январ 2014 14:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гумрук ин чойи дузди аст. Одамоне ки он чо кор мекунанд танхо дар як фикр хастанд - хар чи зиедтар аз давлат пинхон карда ба чайби худ гузоштан.
Посух додан
  • Дилшод

  • 24 январ 2014 20:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман аз ин матни фавкуззикр ягон чизи нав мушохида накардам. Танхо хабархои кухна чамьовари шуда, дар охир журналист ду чумлаи пучро ба таври хулоса чой додааст. Мохияти ин маводро хамаи истифодабарандагони Хабаргузории "Озодагон" медонанд, хочат ба такрори он нест. Кушиш кун, ягон чизи нав навис, Абдулазизи Восеь!
Посух додан
  • Darvesh

  • 25 январ 2014 01:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ozodagon az Pasha Fil nasoz !!!!
Посух додан
  • abdulo

  • 25 январ 2014 12:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom abdulaziz, man rosti az in mavzu aygon chi nafafmidam, chi hadaf bud az in mavzu?
Посух додан
  • tojik

  • 26 январ 2014 10:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kormandoni gumruk meguyand dar hakikat rustam saxt kor karda istodaast.navigari va peshraviho ziyod ast.
Посух додан
  • сауд

  • 27 январ 2014 00:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
огои абдулло барои ин мавзуро фахмидан савод даркор калаи холи давоми гардан аст фикр кунед камехам бошад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!