Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:16

Омӯзиши таъсири тирпаронӣ ба муносибати қирғизҳо бо тоҷикон

25 январ 2014, 13:22

Қирғизистон барои омӯхтани таъсири тирпаронии 11 январ ба муносибати қирғизҳо бо тоҷикони маҳаллӣ ва ё баръакс як гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Торнамои “Tushtuk” навиштааст, ҳадафи аслии таъсис ва фаъолияти гурӯҳи мазкур ҷилавгирӣ аз задухӯрди қавмӣ мебошад.

Гурӯҳи корӣ гуфтааст, задухӯрди марзбонҳо метавонад ба муносибати мардуми қирғиз ва тоҷикони маҳаллӣ таъсири манфӣ гузорад. Ба иттилои сомонаи Туштук, ин гурӯҳ аз 22 то 25 январ бо тоҷикони маҳаллӣ, ки дар шаҳрҳои Қизил-Киё, Қадамҷой, Оқсой ва Лайлак вохӯриву суҳбатҳо анҷом додаанд.

“Тавре намояндаи Оҷонсии давлатӣ хабар дод, муносибати мардум ба тоҷикони маҳаллӣ дар сатҳи қаблӣ қарор дошта, ҳеч таъсири манфӣ ва ё фишоре эҳсос намешавад. Ҳарчанд мардуми деҳаҳои наздисарҳадӣ аз афзоиши низомиён нигаронанд”,-навиштааст Туштук.

11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар маҳаллаи Хоҷаи Аълои Исфара тирпаронӣ сурат гирифт, ки ҳашт маҷруҳ барҷой гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 11 январ бо нашри изҳороте гуфт, ин тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамоно барои айбдор кардани марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса исрор дошта, сафири худ дар Душанберо низ фаро хондааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Нур

  • 25 январ 2014 14:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамун сафири Киргизхо ба мо чи даркор!Акнун аз киргиз хам тарсем ми?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!